Дар моҳи апрел кишти тухми ҷуворимаккаро давом диҳед. Инчунин, коркарди байни қаторҳо, тоза кардан аз алафҳои бегона, обёрӣ, ғизодиҳӣ, коркард бо Агровитамини У-9 20 мл+25 мл Оракул мкс якҷоя бо 10 л об омехта карда, пошидан тавсия дода мешавад. Мубориза бар зидди зараррасонҳо, яъне кирми тирамоҳӣ, гӯсоласар, парвонаи ҷуворимакка бошад бо маводи Нурелл Д 0,5 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га, Талстар 0,5 л/га, Аваунт 0,45 л/га якҷоя бо 300 л об омехта карда пошидан тавсия дода мешаванд.