Дар моҳи март тоза кардани ҷӯйборҳо, нарм кардани байни қаторҳо, сафед кардани гирду атрофи танаи нок (штамб) ва даровардани ғизоҳо (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил моҳи июл ва август надароварда бошед) гузаронидан лозим аст. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда даровардани 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) тавсия дода мешавад. Гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, яъне касалии сӯхтаи бактериявӣ (бактериалный ожог), зараррасони асалак (медяница) дошта бошад, то бедоршавии муғчаҳо бо фунгитсиди Косайд  2 кг + Актеллек 2 л + равғани Ариа 80% 30 л якчоя бо 1000 л об маҳлул омода карда, пошидан тавсия дода мешавад. Дар давраи муғчабарорӣ бар зидди зараррасони гулхӯрак инсектисити Калипсо 0,18-0,3 л бо 600-1000 л об омехта, бар зидди касалии сӯхтаи бактериявӣ пеш аз гулкунӣ инсектисити Касумин 3-4 л бо 600-800 л об омехта карда ҳатман истифода бурдан тавсия дода мешаванд. Пеш аз гулкунӣ, барои пешгирии касалиҳои қутурак (парша), гардзанӣ (ордак), пӯсиши мониалӣ (монолиоз) бо фунгисидҳои Хорус 0,3 кг ё Скор 0,2 л бо 1000 л об омехта, барои зараррасонҳо инсектисити Каратэ 0,6-0,8 л/га якҷоя карда коркард кардан тавсия дода мешавад. Барои нағз гардолудшавии гулҳо пошидани Coda B-Mo 200-250 мл якҷоя бо 100 л об омехта карда истифода баред. Нуриҳои нитрогениро баҳорон пеш аз давраи гулшукуфоӣ ба нақша гиред.