Мавсими кор дар боғи гелос фаро расид. Дар ин моҳ ҳатман буриши шохаҳо ва шаклдиҳии дарахтони гелос иҷро карда шавад. Инчунин, тоза кардани ҷӯйборҳои объёрӣ, яхобмонӣ, даровардани ғизоҳо (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосили моҳи июл ва август надароварда бошед) ва нармкунии байни қаторҳо иҷро карда шавад. Барои муҳофизат кардани навниҳолҳо аз хояндаҳо (харгӯш, буз), сафед кардани  танаи навниҳолҳо бо оҳак (2 кг оҳак+1 кг хоки тоза +1 кг  поруи гов+50мл БИ -58 Новий) ва ё (2-3л шири оҳак+ 0,5 кг купороси мис+1 кг хоки тоза+ Би 58-и нав 50мл  ва 1 кг поруи гов) якҷоя бо 10л об маҳлул намуда молидан зарур аст. Гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон дар вақти оромӣ (бо моеи Бордосии 3%, гармии ҳаво аз +5°С баланд бошад) тавсия дода мешавад.

Ташкил кардани боғҳои нав, шинонидани ниҳолҳои гелос.

Ҳангоми баҳор барвақт омадан дарахтони гелос бедор мешаванд ва коркард бо фунгитсиди Косайд 2,5гр, Актеллик 2,5 кг +20л равғани Ариа 80% якҷоя карда, то гулкунӣ коркард кардан тавсия дода мешад. Равғани Ариа 80% муғчаҳоро аз хунукӣ эмин медорад ва инчунин барвақт шукуфтани гулҳоро суст мекунад.