Ҷамъоварии меваи нок низ дар бисёр минтақаҳои агроиқлимии ҷумҳурӣ ба охир расида истодааст. Боғи нокро аз меваҳои пӯсида тоза намуда, ҳатман буриши санитарии шоху навдаҳои касал ва аз таъсири механикӣ зарардидаро гузаронидан лозим аст. Дарахтонро то зери шохсор бо оҳаки 20% ва бо иловаи купороси миси 5% сафед намоед. Ин чорабинӣ имконият медиҳад, ки касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасон дар танаи дарахтон маскан нагиранд.
Барои несту нобуд кардани хонаи ҳашаротҳои зараррасон ва намиғундории хок коркарди байни қаторҳо гузаронида шавад.
Агар дар дохили боғ зараррасонҳои хоянда зиёд бошад, ҳатман домҳо бо истифода аз заҳрдоруҳоро ҷойгир намудан ба манфиати кор аст.
Барои рушди дарахтон метавонед нуриҳои органикиро (поруи пӯсидаро) дар гирду атрофи дарахтон рехта, бо хок омехта намоед. Барои ҳосилхезии хок ҳатман истифодаи нуриҳои органикиро дар боғ дар 3 сол як маротиба ба нақша гиред. Вобаста ба нашъунамои дарахтони нок ва синну соли он дар даҳаи охири моҳи ноябр нуриҳои минералӣ, аз ҷумлаи суперфосфат ва сулфати калийро истифода намоед. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий додан лозим аст. Нуриҳои нитрогениро баҳорон пеш аз давраи гулшукуфоӣ ба нақша гиред.
Баъд аз пурра ба давраи оромӣ гузаштани дарахтони нок як коркарди кимиёвӣ бар зидди касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасонро ба назар гиред. Ҳарорати ҳаво бояд на камтар аз 150С бошад. Аз заҳрдоруҳо метавонед Актара (барои 1 га 200 г-ро бо 1000 л об омехта) ва Скорро (барои 1 га 0,2 л-ро бо 1000 л об омехта) истифода намоед. Коркарди байни қаторҳо агар баъди рехтани баргҳо анҷом дода шавад, боз беҳтар мешавад.
Барои он ки бисёр спораҳои касалиҳои занбӯруғӣ ва бактерияҳо дар баргҳои растанӣ мавҷуд буда, манбаи сироят ба ҳисоб мераванд. Дар ҳолати зери хок гардидан онҳо қисман нобуд мегарданд. Шоху навдаҳои аз касалии сӯзиши бактериявӣ зарар дидаро бурида, дар ҷои алоҳида сӯзонидан лозим аст.
Хурсандӣ Сафаралиев