Санаи 16-уми сентябри 2020 дар шаҳри Хуҷанд Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-Плаза” бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Дар чорабинии мазкур Пешвои Миллат бо дастовардҳои вилояти Суғд дар таҳияи маҳсулоти рақамӣ ва имкониятҳое, ки бо дастгирии рушди соҳаи технологияҳои рақамӣ дар кишвар боз мешаванд, шиносоӣ пайдо кард.

Ҳайати эҷодии рӯзномаи АгроинформТҶ аз он ифтихор дорад, ки дар чорабинии тантанавии болозикр муассисони рӯзнома низ дастовардҳои худро пешкаши сарвари давлат намуданд. Инак, фишурдаи хабари онрӯзаро пешкаши хонандагон мекунем.

МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ТАҲИЯИ МАҲСУЛОТИ РАҚАМӢ: ХИЗМАТРАСОНИҲОИ РАҚАМӢ БАРОИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Имрӯз вожаи Нексигол вирди забони кишоварзони саросари кишвар ва берун аз он гашта, бренди машҳури ёрирасон ба соҳаи кишоварзӣ табдил ёфтааст. Оилаи Нексиголиҳо як қатор ширкатҳои бонуфузро дар бар гирифта, яке аз онҳо муассиси рӯзномаи АгроинформТҶ Ташкилоти Ҷамъиятии “Нексигол Мушовир” мебошад, ки беш аз даҳ сол ба кишоварзони дохилу хориҷи кишвар маслиҳату машваратҳои соҳавӣ пешниҳод мекунад ва дар ин ҷода ба муваффақиятҳои беназир ноил ҳам гаштааст.

ТҶ “Нексигол Мушовир” ҳамқадами замона буда, вобаста ба талаботҳои муосири соҳаи кишоварзӣ таҳаввулоти соҳавӣ эҷод кардааст, ки яке аз онҳо гузоштани хишти аввали Ширкати “Нексигол Навовар” мебошад.

Ширкати “Нексигол Навовар” соли 2016 таъсис дода шуда, бо таҳияи таъминоти барномавии компютерӣ барои соҳаи кишоварзӣ машғул мебошад. Ширкати брендии Нексигол низ идомадиҳандаи мақсаду ғояҳои ТҶ “Нексигол Мушовир” буда, барои баланд бардоштани фоидаи корхонаҳои хурду миёна, ки ба агробизнес машғуланд, беҳтар кардани сифати маҳсулот ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар истеҳсолот, коркард ва маркетинги маҳсулоти кишоварзӣ ба деҳқононе, ки дар саросари Осиёи Марказӣ фаъолият мебаранд, навовариҳо ҷорӣ мекунад.

Фаъолияти ширкати «Нексигол Навовар» ба олами кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табаддулоти наве ҷорӣ кардааст, ки он ҳам пайвастани кишоварзону деҳқонон бо асри рақамӣ (цифровой век) мебошад. Яъне Навовар дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хусусӣ, муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои таҳияи таъминоти барномавии компютерӣ дар тамоми занҷираи таҳвили озуқаворӣ кору фаъолият мебарад. Ба занҷираи таҳвили озуқаворӣ ва истифодабарандагони хизматрасониҳои рақамӣ — инҳо деҳқонон, агро-дилерҳо, корхонаҳои коркарди мева ва сабзавот, ширкатҳои савдо, бонкҳо, мушовирон ва кормандони ҳукуматӣ дохил мешаванд.

Аз ҷониби ширкати мазкур технологияҳои муосири рақамӣ ба монанди додаҳои бузург (большие данные), ҳисоббарории абрӣ (облачные технологии), технологияҳои сенсорӣ (сенсорные технологии), омӯзиши мошина (машинное обучение) ва монанди инҳо роҳандозӣ шудаанд, ки дар кишварҳои пешрафта барои ҳалли мушкилоти соҳаи кишоварзӣ васеъ истифода бурда мешаванд.

БАРНОМАҲОИ МОБИЛИИ КИШОВАРЗӢ РАВЗАНАИ ОЯНДАИ НАЗДИК

Яке аз маҳсулоти рақамии Нексигол Навовар — ин барномаҳои мобилӣ барои агробизнес мебошад, ки баҳри истеҳсолу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва гузаронидани машваратҳои фосилавӣ хизмат мекунад. То ба имрӯз аллакай беш аз 200 ҳазор нафар истифодабаранда дорад.

“Дар аввал, мо ин барномаро барои истифодабарандагони дохили кишвар таҳия карда будем. Аз сабаби он ки барнома дар Интернет дастрас аст, аз давлатҳои ҳамсоя ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳаводорони зиёде пайдо кард. Ҳамин тавр, айни замон мо бо як ширкат аз Қирғизистон созишнома оиди ҳамкории стратегӣ ба имзо расонидаем, ки барномаҳои моро ба забони қирғизӣ тарҷума карда, минбаъд дар Қирғизистон пешбарӣ хоҳанд кард. Ҳоло бо якчанд ширкатҳо аз Ӯзбекистон ҳам гуфтушунид дорем, то ки барномаҳои мо ба бародарони ӯзбекзабонамон низ расман дастрас бошад” – мегӯяд роҳбари Ширкати “Нексигол Навовар” Бахтиёр Баҳритидинов.

 Китобхонаи дониш (kitob.agroinform.asia)

Имрӯз бо маълумоти нав ҳамкасб ё рафиқамонро дар ҳайрат мононидан кори душвор шуда истодааст, зеро ҳар маълумоти нав ё ихтироот ё дониш барои пагоҳ аллакай кӯҳна мегардад. Ин ҳолат дар истеҳсолоти кишоварзӣ низ во мехӯрад. Зеро технологияҳои нав ба нави истеҳсолот бештар пайдо шуда истодаанд. Бо ёрии барномаҳои мобилӣ истифодабарандагон метавонанд ҳамеша ба китобхонаи дониш оиди технологияҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

 Калкулятори электронӣ (calculators.agroinform.asia)

Барои хароҷотҳои беҳудаи изофӣ накардан ва сарфаи маблағи худ истифодабарандагон метавонанд миқдори зарурии тухмиҳо ва ё нуриҳоро бо истифода аз калкуляторҳои электронӣ муайян намоянд. Барои ин танҳо майдони кишт, масофаи байни қаторҳо ва растаниҳоро ба калкулятор илова кардан лозим асту халос.

 Таҳлили истеҳсолот

Бо истифода аз технологияҳои ҳисоббарории абрӣ барнома ба Шумо имконияти банақшагирӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили истеҳсолоти кишоварзиро мекушояд. Ба Шумо лозим аст, ки танҳо маълумоти ибтидоиро оиди истеҳсолоти худ илова намоед. Ба ҷавоб барнома харитаи технологӣ ва нақшаи корҳои саҳроиятонро пешниҳод менамояд.

Шумо метавонед дар куҷое ки набошад ва кадом вақте ки набошад маълумотро оиди хароҷотҳо ва корҳои иҷрошудаатон илова намоед. Дар асоси ин маълумотҳо барнома ҳисоботи молиявӣ ва таҳлили истеҳсолотро пешниҳод менамояд.

Обу ҳавосанҷӣ

Ҳангоми пайвастшавӣ ба пешгӯии обу ҳаво ва нақшаи корҳои кишоварзӣ барнома ба Шумо  тавсияҳои огоҳикунанда мефиристонад. Ин амал дар натиҷаи истифодаи алгоритмҳои омӯзиши мошин ва технологияҳои сенсорию маълумотҳои спутникӣ имконпазир гардид. Инчунин, барнома ба истифодабарандагон огоҳиҳои пешакӣ дар бораи хатарҳои табиӣ мефиристонад.

Майдони савдо (trade.agroinform.asia)

Барнома ба Шумо дар бораи агро-мағозаҳо, яъне фурӯшандагони воситаҳои истеҳсолӣ ва харидорони маҳсулоти кишоварзӣ, яъне — корхонаҳои коркард ва ширкатҳои савдо ва нархҳои бозорро пешниҳод мекунад. Майдони савдо барои бомуваффақият ба фурӯш баровардани маҳсулоти истеҳсолшуда бисёр муфид мебошад.

 КОМЕБИҲОИ НАВОВАР

Дар давоми тахмин панҷ соли фаъолият Ширкати “Нексигол Навовар” ба олами кишоварзӣ навовариҳои зиёде ворид кардааст, ки чанде аз онҳоро таҳти унвони Платформаи AgroSpace ба истифодабарандагонаш пешниҳод мекунад:

  • 18 барномаҳои мобилии гуногун барои истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва барои гузаронидани машваратҳои фосилавӣ ба чор забон (англисӣ, қирғизӣ, русӣ ва тоҷикӣ). Беш аз 200 000 истифодабарандагон, тахмин 15% истифодабарандаи фаъол.
  • Беш аз 600 маводи электронӣ дар китобхонаи электронӣ, ки ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ марбут бо имкони илова кардани маводи ройгон/пулакӣ, ҷустуҷӯ ва боргирӣ. Беш аз 360 000 маводҳо боргирӣ шудаанд.
  • Майдончаи электронии эълонҳо барои хариду фурӯши 14 намуди маҳсулоти кишоварзӣ бо имкони ҷойгир кардани расми маҳсулот ба воситаи смартфон. Беш аз 3000 истифодабарандаи фаъол дар як моҳ.
  • Харитаи электронӣ (maps.agroinform.asia) бо маълумот оид ба истеҳсоли 35 намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи ноҳияҳо аз соли 2012, суроғаҳои ширкатҳои коркард, анборҳо, гармхонаҳо, агромағозаҳо ва ғайра барои интихоби дурусти маблағгузорӣ, банақшагирии истеҳсолот ва коркарди маҳсулот, ташкили самарабахши ҷамъоварии ҳосил. Беш аз 500 мутахассис аз кишварҳои гуногун ҳар моҳ ин барномаро барои ҳалли муаммоҳои худ истифода мебаранд.
  • Низоми машваратдиҳии фосилавӣ имкон медиҳад, ки истифодабарандагон аз мутахассисони соҳавӣ ва мушовирони кишоварзӣ ба воситаи барномаи мобилӣ ба саволҳояшон ҷавоб гиранд. Инчунин, истифодабарандагон ба сифати машварати мушовирон ва мутахассисон баҳо гузошта метавонанд. Айни ҳол кор аз болои пайваст кардани модулҳои конфронсҳои видеоӣ ва пардохти маблағ ба барнома идома дорад.
  • Шабакаи видеоӣ дар YouTube (youtube.com/c/agroinformtjcom/c/agroinformtj) бо маводи омӯзишӣ ва иттилоотии видеоӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, пешгирии касалиҳо ва мубориза бар зидди зараррасонҳо таъмин аст, ки 160 000 боздид ва зиёда аз 2 000 муштарӣ дорад.
  • Барномаҳои дигар – нархҳои чаканаи бозории маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон (ҳар ҳафта) ва Қирғизистон (ҳар моҳ); калкуляторҳо барои ҳисобкунии миқдори лозимаи тухмӣ ва нуриҳо. Ин барномаҳо дар як сол беш аз 3 000 истифодабаранда доранд.

Дар видеои мазкур навори Телевизиони Тоҷикистон аз ин чорабинӣ оварда шудааст.

Хосият КОМИЛОВА