Корҳои агротехникие, ки дар моҳи июн бояд иҷро карда шаванд, ин каландкунӣ, нармкунии байни қаторҳо, ғизодиҳӣ ва обёрӣ мебошанд. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин намуда, касалиҳоро пешгирӣ менамоянд. Ғизодиҳӣ аз барг ва реша бо Агровитамин (барои 1 га 0,5 л-ро бо 300 л об омехта) ва ё Атонник (барои 1 га 150 мл-ро бо 300 л об омехта) 3 маротиба бо фосилаи 10 рӯз якҷоя бо обёрӣ тавсия дода мешавад.
Дар ин вақт аллакай бисёр ҳашаротҳои зараррасон барои расонидани зарар рушд ёфта истодаанд. Дар киштзор истифодаи домҳои феромонӣ, трихограмма, габрабракон ва тиллочашмак бисер самарабахш аст. Барои муҳофизат аз куяи ҷуворимакка ҳангоми 7-8 барг пайдо шудан бо Нурелл Д (барои 1 га 0,5 л-ро бо 300 л об омехта), кирми пахта ҳангоми баландии растанӣ то 40-45 см шудан бо Аваунт (барои 1 га 0,450 л-ро бо 300 л об омехта) бо фосилаи 10-15 рӯз ё бо ҳамроҳи обёрии киштзор истифода бурдани Агровитамин 2 л (N20P20K20) лозим аст.
Махсут Отабеков
Акмал Насруллоев