Нархи наво, шумораи хешу ақрабо ва тарзи меҳмондорӣ, сарфи назар аз даъват ба каммасрафӣ, ба андозаи дастархони ид асар мегузорад
Мусулмонони Тоҷикистон Иди Қурбонро таҷлил карданд.
Маркази исломшиносии Тоҷикистон дар остонаи таҷлил аз Иди Қурбон мусалмононро огоҳ кард, ки барои дастархони бодабдаба 5 ҳазор сомонӣ (беш аз 500 доллар) ҷарима пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки намояндагони Кумитаи дин, ҷашну маросим ва анъанаи назди Ҳукумат дар рӯзи Иди Қурбон, ба манзилҳои мардум рафта, рейд мегузаронанд.
Sputnik Тоҷикистон ба меҳмонии сокинони шаҳри Душанбе рафта фаҳмид, ки дастархони мардум то чӣ андоза бодабдаба аст ва онҳо дар бораи ҷаримаю рейдҳо чӣ фикр доранд.
Рақобати дастархонороӣ тамом
Чуноне намояндагони Кумитаи дин гуфтанд, дастархони каммасраф бояд танҳо бо меваҳои ватанӣ ва ғизоҳои миллӣ оро дода шуда бошад, на бо меваҳои гарони аз маолики хориҷ овардашуда.
Вале сокини ноҳияи Сино, Умеда Раҳматова гуфт, ки дар остонаи Иди Қурбон қиммати меваҳои ватанӣ аз меваҳои аз хориҷ овардашуда гаронтар буданд.
«Барои ҳамин ман ҳушёрӣ кардам: меваҳоро ду ҳафта пеш аз ид харидам, дар акси ҳол пулам, ки барои дастархони ид ҷудо карда будам, намерасид. Ман тарбуз ва харбузаро 20 сомонӣ харидаму, шафтолу — 5 сомонӣ, себ 6 сомонӣ барои як кило. Лекин чунин нархи наво танҳо дар бозори «Фаровон» — и назди Саховат буд», — нақл кард соҳибхона.
Ҳамчунин Умеда барои ид, торт, ширинӣ, самбӯса ва шурбо пухтааст. Барои оростани дастархони ид Умеда 500 сомонӣ сарф кардааст. Ба гуфти ӯ ин маблағ қариб 25 дарсади даромади моҳонаи онҳо мебошад.
«Барои ҳамин ба ростӣ, ман шодам, ки Ҳукумати Тоҷикистон чунин иқдомро пеш гирифта анъанаҳои миллиро танзим мекунад. Чун ман ҳам бе хости худ, солҳои пеш, дар ҳамин рақобати дастархонороӣ, ширкат мекардам, бахусус замони келинчак буданам. Агар дастархони бузург намеоростам, ҳамсоя даррав овоза мекарданд, ки пухтупаз карда наметавонад, ҳоло бошад ман даррав мегӯям, мумкин нест «рейд» мегузарад», — мегӯяд бо табассум Умеда.
Гап сари дасткушодӣ
Вале, Дилноза Каримова, ки дар хонаҳои Қайроқум ба сар мебарад, наметавонад, мисли Умеда дастархони камхарҷ дошта бошад. Ҳамояҳо баҳои худро медиҳанд ва то ин дам ҳеҷ кас аз намояндагони Кумитаи дин дар манзилҳои онҳо санҷиш нагузаронидаанд.
«Се сол мешавад, ки мегӯянд намояндагони Кумитаи дин санҷиш мегузаронанд, вале боре ҳам онҳоро надидем. Мо нашунидаем, ки касеро барои оростани дастархони ид ҷарима карда бошанд», — мегӯяд Дилноза, ки барои дастархони бодабдабаи худ 2000 сомонӣ (212 доллар) харҷ карааст.
Дар бораи хароҷоти идии худ ин духтар бо ифтихор мегӯяд, чун ба фикри ӯ дастархони бой нишонаи аслии меҳмоннавозии тоҷикон аст.
«Онҳо фикр мекунанд, мо рақобат мекунем, не ин тавр нест. Мо фақат мехоҳем, ки атои Худо (меҳмон — шарҳ аз идора) аз манзилҳои мо розӣ равад. Гап сари дасткушодӣ ҳаст, мефаҳмед? Чун дар як рӯз ба хонаи мо наздики 50 кас меҳмон мешавад, чигуна ман бо дастархони камхарҷ онҳоро меҳмондорӣ мекунам?», — суол мегузорад Дилноза.
Ӯ бовар дорад, ки чунин аъмол бо меҳмонон раво нест. Ба гуфти ӯ ҳамаи ҳамсояҳо бо дастархони бузург онҳоро меҳмондорӣ мекунанд, ӯ ҳам дар ҷавоб дастархони бодабдаба меорояд.
Андозаи дастархон аҳамия надорад
Хусури 72-солаи Фирӯза Яфталиева мутаассифона, чанд рӯз пеш даргузашт ва ин Иди Қурбон пас аз даргузашти ӯ нахустин ид аст. Ин маънои онро дорад, ки дар давоми се рӯз ба хонаи Фирӯза, хешу ақрабо, ёру дӯстон в ҳамсояҳо барои дуо гуфтан дар ҳаққи марҳум, меоянд. Ин аъана аст.
«Меҳмонон натанҳо аз Душанбе, балки аз худи Дарвоз, ки зодгоҳамон аст, меоянд. Бовар кунед намешавад дастархони хурд орост. Худатон бинед, андозаи дастархон аҳамият надорад, агар ҳукумат нархи наворо дар бозорҳо назорат мекард, мешуд дастархони бузугро камхарҷ оро дод. Чигуна дар бораи камхарҷии дастархон ҳарф мезананд, агар як тарбузе, ки на аз хориҷ балки аз ноҳияҳо оварда шудааст 50 сомонӣ нарх дорад. Ё чигуна мешавад, шурбои камхарҷ омода кард, агар як кило гӯшт дар бозор 55 сомонӣ нарх дошта бошад?. Дирӯз, як рӯз пеш аз ид бошад, гӯштро 63 сомонӣ фурӯхтанд», — изҳори нигаронӣ мекунад келинчак.
Барои оростани дастархон дар ду ҳуҷра барои мардон ва бонувон, ба Фирӯза хешу ақрабо ёрӣ доданд: яке самбусаву кулча оварду дуюмӣ ширинӣ ва сеюмӣ ҳам меваҷот. Дар акси ҳол ба гуфти Фирӯза «зӯр» — и ӯ ба оростани дастархони ид намерасид.
«Фақат ҳамин тавр ман тавонистам ба хотири хусури марҳумам дастархон ороям. Дар акси ҳол масхара мекарданд. Мо танҳо бар ивази 800 сомонӣ гӯсфанд харидем ба дигараш зӯрамон нарасид», — гила мекунад Фирӯза.
Тоҷикистон зидди дастархони бодабдаба
Иди Қурбон, яке аз идҳои мусалмонон аст, ки ҳар сол рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷа таҷлил мешавад.
Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгӯшти аҳлӣ – хонагӣ барои қурбонӣ ҷоиз аст: гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нар бошанд ё мода.
Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.
Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.
Аллакай чандин сол мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон мардумро ба сарфакорию оростани дастархони камхарҷ даъват мекунад.
Дар номаи табрикотии худ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ қайд кард, ки зиёдаравӣ танҳо ба буҷаи оилавӣ зарар меоварад.
Дар баробари ин роҳбари Маркази исломшиносии Тоҷикистон, Файзулло Баротзода қайд кард, ки дар дини Ислом ҷое гуфта нашудааст, ки дастархонро тавре оро диҳед, ки ҷои холие надошта бошад.
Барои оростани дастархони пурдабдаба, ҳукумати кишвар ҷарима ба маблағи 5 000 сомонӣ муқаррар кардааст.