Маълум аст, ки картошка зироати хӯроквории хеле муҳим, мувофиқ ва дастрас буда, аз ин рў, онро «нони дуюм» мегўянд. Дар марҳилаи имрўза иҷрои талаботи «Барномаи давлатии амнияти озуқаворӣ» ба афзоиши истеҳсол ва захиракунии ин маводи озуқаворӣ вобастагии зич дорад.
Дар шароити табиии водии Вахш имконияти олии зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка аз кишти такрорӣ, ё ба қавли дигар «тобистонӣ» мавҷуд аст. Таҷрибаи шахсии ман, ки чанд сол қабл баъди ҷамъоварии ҳосили гандум дар замини наздиҳавлигиам картошка корида, ҳосили баланд гирифтанам, гувоҳи гуфтаҳои болост.
Ман масоҳати 1,2 садяки гектар (1,2 сотих) заминро ҳамвор намуда, хусусан, бе монеа ба ҷӯйбори поён рехтани обро таъмин намудам. Зеро агар дар куҷое, ки об кӯл шуда, ба танаи растанӣ расад, баъди хушк шудани хок «нафаскашӣ»-и замин (аэратсия) вайрон шуда, имконияти афзоиши патакрешаҳо ва нашъунамои картошкаро суст мекунад.
Картошкаи тухмиро, ки аз ҳосили тирамоҳии соли пеш дар ноҳияи Лахш истеҳсолшуда дарёфт карда будам, ба ду қисм бурида, қисми поёнашро барои ғизо захира карда, қисми болояшро вобаста ба нофакҳо (чашмакҳо) 1-2 қисм намуда, як рўз нигоҳ доштам. Рўзи 25 июл қитъаи заминро ба масофаи 65 см ба 6 ҷўяк (қатор) тақсим намуда, дар болои замин (бе кандани чуқурича) дар масофаи 25-27 см картошкаҳоро хокпўш намудам.
Хокро аз пеши қатор гирифтам. Баландии хок дар болои тухмиҳо 8-10 см буд, андозаи чуқурии ҷӯякҳо 12-15 см-ро ташкил намуд. Пушти қатор дар масофаи 35-40 см холӣ нигоҳ дошта шуд. Ин бисёр муҳим аст, зеро ҳангоми коркард, баъди обмонӣ ва сабзиши ниҳолҳо ин хоки пуштакро бе расонидани осеб ба патакрешаҳо, бахусус решаҳои ҳосилдиҳанда (сталоне) ба болои картошкаҳои сабзида бо дарназардошти нигоҳ доштани баргу пояи картошка дар болои замин бор кардан мумкин аст. Баъди коркард ниҳолҳо дар мобайни қаторҳо ҷойгир шуда чуқурии ҷӯякҳои обмонӣ ба 25-30 см расонида шуд.
Пеш аз ин, яъне баъди 15 рўзи сабзиш ба ҷӯякҳои пешина, ки чуқуриашон 12-15 см–ро ташкил медод, 1 сатил селитраи аммиак (тахминан 7 кг ) пошидам ва оби якуми баъди сабзишро додам. Вобаста ба ҳолати сабзиш баъди ҳар 10-15 рўз ба картошка об дода, заминро коркард кардам (на чобуқ, тавре ки асосан маъмул аст). Чобуқ боиси канда шудани патакрешаҳо ва ҳатто решаҳои боровар (сталоне) шуданаш мумкин.
Дар мобайнҳои моҳи октябр ҳангоми ба гулкунӣ омода шудани ниҳолҳо 1 сатил (тахминан 8 кг) нитроамофосро ба болои ҷўякҳо (аз танаи растанӣ 5-6 см дуртар пошида бо хоки аз дохили ҷўяк гирифта онро 1-2 см хокпўш намудам. Обмониро тарзе ташкил кардам, ки хоки замин доимо намнок боқӣ монд. Ҳамсояҳо баъди гулкунӣ ба кандани картошка шурӯъ карданд. Ман нашъунамои растаниҳоро дида, фақат баъди пайдо шудани аввалин нишонаҳои сармо, яъне 13 ноябр ба кандани картошка сар намудам. Дар ҳар ниҳол 8-12 дона картошка, ки аз 100 гр то 1,2 кг вазн доштанд, мавҷуд буд. Дар маҷмӯъ аз 1,2 сад яки гектар (сотих) қариб 600 кг картошка гирифтам, ки 500 сентнериро аз 1 га ташкил мекунад. Аксари ҳамсояҳо аз 1 га 170-200 сентнерӣ картошка гирифтанд.
Таври маълум, меъёри солонаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 кг муайян карда шудааст. Ҳосили аз 0,01 га гирифта талаботи яксолаи оилаи аз 6 нафар иборатро пурра таъмин мекунад. Ҳосили аз заминҳои президентӣ ва хоҷагиҳои фермерӣ гирифташударо пурра ба дигар шаҳру ноҳияҳо содирот кардан имконпазир мегардад.
Тарафҳои қавии кишти тобистонаи картошка:
- Заминҳои обӣ баъди гирифтани ҳосили аввал холӣ буда, имконияти зиёд кардани кишти картошка мавҷуд аст.
- Кишти тобистонаро дар тамоми ноҳияҳои водии Вахш, қисми ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои тобеи марказ гузаронидан мумкин аст.
- Қисми зиёди давраи сабзиш ва ҳосилзамкунӣ (аз 20 август то нимаи моҳи ноябр, тахминан 90 рўз) дар шароити нисбатан мувофиқи ҳарорат (180 -300 С) барои картошка мегузарад.
- Нигоҳдории картошка дар давраи ноябр – апрел хароҷоти иловагиро талаб мекунад.
- Барои кишт дар 1 га тахминан 1,2 т картошка хароҷот мешавад, ки аз меъёрҳои маъмулӣ қариб 3 баробар кам аст.
Тарафҳои заифи кишти тобистонаи картошка:
- Душвор будани дарёфти тухмии босифат дар моҳҳои июл – август. Ин мушкилро метавонад Вазорати кишоварзӣ бо сохторҳои марбут ба масъалаи тухмипарварӣ бо захира кардани тухмӣ аз ноҳияҳои кӯҳистон аз ҳосили моҳҳои август – ноябри соли пеш рӯёнидашуда ва пешниҳод кардани он ба картошкапарварони водии Вахш дар моҳҳои июн – июл ҳал намояд. Бояд қайд кард, ки деҳқонон асосан дар кишти тобистонӣ боқимондаҳои картошкаи дар заминҳои худашон моҳҳои май – июн руёнидаро истифода мекунанд, ки давраи пурраи омодагии ҳанинро барои сабзиш (яровизатсия) нагузаштааст. Аз ин рў, давраи неш зада баромадани картошка то 20 рўз кашол ёфта, на ҳама тухмиҳо яксара месабзанд.
- Дар аввалҳои моҳи сентябр ҳашароти зараррасон – сафедболак ба картошказор осеб расониданаш мумкин. Аз ин рў, картошказорро таҳти назорат қарор дода, ҳангоми пайдо шудани аввалин сафедболакҳо ба заҳрхимикатҳои дастрас (заҳрҳое, ки ба муқобили шира, тортанаккана ва дигар макандаҳо истифода мешаванд) 2 маротиба (дуюмаш баъди 7-8 рўз) коркард кардан лозим мешавад.
Хулоса:
Ба замми корҳои анҷом додаи ман дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ, агар пеш аз побел кардани замин 30-50 кг пору (ба 0,01га) ва 8-10 кг суперфосфат пошида мешуд, ҳосил то ба 700-800 сентнерӣ аз 1 га расиданаш мумкин буд.
Дар сурати ҷиддӣ машғул шудан ба кишти тобистонии картошка, қисми онро ба хориҷ содирот кардан мумкин мешавад. Таъминоти пурраи аҳолӣ бошад, ба кам шудани воридоти ғалладонагиҳо аз хориҷа боис мегардад.
Маъруф Олимов,
собиқадори кишоварзӣ аз ноҳияи Панҷ.