Моҳи май барои киштзори пахта коркарди байни қаторҳо, ягонакунии ниҳоли пахта, тоза кардани алафҳои бегона, обёрикунӣ, ғизодиҳӣ, ғизодиҳӣ аз барг иҷро карда мешавад. Даровардани нуриҳои нитрогенӣ бо меъёри N 100 кг/га моддаи таъсиркунанда, Р-70 кг фосфор, К 30 кг (NPK) тавсия дода мешавад. Меъёри даровардани нуриҳои минералӣ ҳамчун ғизои иловагӣ аз рӯи натиҷаи таҳлили хок ва ҳосилхезии хок дароварда мешавад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л+1,0 л/га Оракул МКС 200-300 л об (Codafol 8-11-3  0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир МКС 1,0 кг) бо 200-300 литр об омехта карда пошидан тавсия дода мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Мубориза бар зидди заррасонҳои ширинча, тортанакканаи оддӣ, трипс, кирми тирамоҳӣ бо Каратэ 5% к.э 0,2 л/га, Нурел Д 55% 1,0 л/га, Энжио 24,1% к.э 0,100-0,150 мл/га, Вертимек 1,8 к.э 0,4 л/га, Талстар 0,6 л/га якҷоя бо 200-400 л об омехта карда дар ҳавои салқин (гармии ҳаво 25-28 дараҷа) пошидан тавсия дода мешавад.