Дар моҳи май барои ҷуворимакка давом додани кишти тухми ҷуворимакка, коркарди байни қаторҳо, тоза кардани алафҳои бегона, обёрӣ, ғизодиҳӣ мебошад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л+1,0 л Оракул мкс (Агровитамини У-9 1,5 л+0,5 л/га Coda micro, ё  Codafol 8-11-3  0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир мкс1,0 кг, Оракул мкс 1,0 ё Coda micro 0,5 л, Codafol  8-11-3  0,7-1,0л, Codafol 150  1,0 л бо 800-1000 л/об  бо яке аз ин маводҳо тавсия дода мешавад. Дар давраи нашъунамо бо фосилаи 10-15 рӯз 2-3 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад, ки ин чорабинӣ барои афзоиши ҷуворимакка ва боқувват шудани танаи он мусоидат мекунад.

Мубориза бар зидди зараррасонҳо 2 маротиба коркард гузаронидан тавсия дода мешавад:  1-ум коркард ҳангоми 5-7 барг пайдо шудан, 2-юм коркард ҳангоми қади зироат 45-50 см шудан бар зидди кирми тирамоҳӣ, гӯсоласар, парвонаи ҷуворимакка  бо маводи Нурелл Д 0,5 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га, Талстар 0,5 л/га, Аваунт 0,45 л/га, Каратэ 0,4 л/га якҷоя бо 300 л об омехта карда пошидан тавсия дода мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Ғизодиҳии асосӣ (ҳосилнокии хок ва таҳлили хокро ба назар гирифта)  N 180 кг, P 120, K 60 кг (моддаи таъсиркунанда) тавсия дода мешавад.