Дар моҳи май дар боғи гелос бояд тоза кардани ҷӯйборҳо, даровардани ғизоҳо (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил моҳи июл ва август надароварда бошед) ва нармкунии байни қаторҳо гузаронида мешавад. Инчунин, гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, яъне пеш аз гулкунӣ ва баъд аз гулкунӣ коркард бо фунгитсидҳои Скор 0,2 л, Хорус 0,3 кг, Топаз 0,3-0,4 л ва ё  Косайд 2,0 кг+2л Актеллик, инчунин яке аз ин инсектиситҳо (Энжио 0,25 л, Каратэ 5% 0,6 л, Десис 10% 0,15 л) якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда, баъд аз гулкунӣ ва мевабандӣ коркард кардан тавсия дода мешавад. Ин коркард барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳои клястеспориоз, кокомикоз, шилмбарории гелос ва зараррасонҳои сипарболак, тортанакканаи оддӣ, филчаи зардолу (урюковый слонник) натиҷаҳои хуб медиҳад. Барои нағз афзоиш ёфтани мева пошидани маводи Codafol 8-11-3  0,7 л якҷоя бо 800-1000 л об истифода баред. Дар давраи  мевабандӣ бошад, бо Агровитамин 2,0 л бо ҳамроҳи Coda мкс 0,3-0,5 л ё 1,0 л Оракул мкс (якҷоя бо 600-800 л об омехта) аз барг истифода бурдан тавсия мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.