Барои полезиҳо дар моҳи апрел ба заминҳои интихобшуда даровардани нуриҳои минералӣ ва маҳаллӣ, интихоби тухмиҳои пешпазак, тайёр кардани ҷӯякҳо барои кишти тухмӣ ва баъди омода шудани кӯчатҳои навъҳои барвақтӣ шинонидани онҳо мебошад (дар ҷануб). Аз моҳи апрел шинонидани тухмиҳо ба тубакчаҳо, пӯшонидани болои ҷӯякҳои тайёркардашуда бо плёнка барои шинонидани тухмиҳо ва кӯчатҳо мебошад. Зеро истифодабарии плёнка имкон медиҳад, ки хок тез гарм шавад, сабзиши алафҳои бегонаро суст гардонад ва намиро нигоҳ дорад. Инчунин имконияти тезонидани пухтарасии ҳосилро аз барвақт шинонидани кӯчат таъмин созад. Дар замини гарм шинонидани кӯчат ё кишти тухмӣ хуб афзоиш ёфта, аз касалиҳо кам зарар мебинад ва коркарди кимёвиро камтар талаб мекунад. Дар вақти кишти тухмӣ, тухмиро аз плёнка 5-7 см чуқур шинонидан тавсия дода мешавад. Баъди сабзида баромадани баргҳои растанӣ, барои ба плёнка нарасидани барг плёнкаро зуд шикоф карда, баргҳоро 1 рӯз пас берун кардан тавсия дода мешавад. Барои пешгирӣ аз касалиҳо бояд коркард бо фунгитситҳои Браво 35 гр, Топаз 8 гр, Курзат 35 гр, Тиовит Джет 40 гр бо 10 л об омехта карда пошидан тавсия дода мешавад. Бар зидди заррарасонҳо Энжио 7 гр, Аваунт 15 гр, Каратэ 10 гр бо 10 л об маҳлул карда истифода бурдан мумкин аст. Вобаста ба гармии ҳаво ва шароити замин гузаронидани обёрии бомеъёр тавсия дода мешавад. Бар зидди алафҳои бегона корҳои дастӣ, яъне хишова ва усули кимёвӣ гузаронида шавад. Коркарди кимёвӣ (алафҳои яксола ва бисёрсолаи хӯшадор ва алафҳои яксолаи дупаллагӣ) бо гербитсиди Фюзелад форте 30-50 гр бо 10 л об маҳлул карда пошидан тавсия дода мешавад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л +1,0 л Оракул МКС ё CODA мкс 0,5 л  якҷоя бо 200-300 л, CODAFOL 150  1,0 л/га якҷоя бо 200-300 л, ки ин мавод афзоиши зироатро метезонад ва барои барвақт пухта расидан мусоидат мекунад. Ғизодиҳӣ вобаста ба таҳлили хок бо меъёри муайян гузаронида шавад, N – 70 кг, P – 50 кг. K -30 кг.