Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тасмим гирифтааст, ки соли равон ҳаҷми майдони кишти картошкаро 40 фоиз ва майдони кишти такрориро 100 фоиз зиёд намояд. Кишоварзони Исфара мақсад доранд, ки соли равон ба ҷойи 1000 гектари соли 2019 дар 1400 гектар картошка кишту парвариш намуда, ҳамзамон дар 1700 гектар кишти такрории зироатро анҷом диҳанд, ки назар ба нишондоди соли гузашта ду баробар зиёд аст.

Майдони умумии кишти баҳорӣ 2906 гектар буда, то 18 апрел дар  901 гектар зироат кишт карда шудааст.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ин бора зимни боздиди раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода аз деҳоти Чоркӯҳ ва Ворух иттилоъ дода шуд.

Тибқи иттилои сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Тешаев, раиси шаҳр дар аснои боздид бо ҷараёни маъракаи кишт ва парвариши зироати кишоварзӣ аз наздик шинос гардида, пас аз шиносоӣ бо вазъу ҳолати воқеии истифодаи заминҳои таъйиноти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ баҳри сари вақт кишт намудани зироат, истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил ва захираи дусолаи маводи ғизоӣ тавсияҳо дод.

Акрам Сулаймонзода ҳамзамон ба манзили чанде аз сокинони деҳаи Чоркӯҳ рафта, бо ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ шинос шуд.

khovar.tj