ФАО, бо даъват намудани фермерон барои беҳтар намудани беҳдошт дар фермаҳо, ҳафтаи умумиҷаҳонии оид ба тарзи дуруст истифодабарии антибиотикҳоро ҷашн мегирад

Фермерон дар пешгирии паҳншавии устувории бактерияҳои бемориовар ба доруҳои зиддимикробӣ байни нақши муҳим мебозанд ва метавонанд танҳо бо татбиқ намудани чораҳои беҳдошти (гигиена) мувофиқ дар фаъолияти рӯзмарраи худ дар хоҷагидорӣ саҳми назаррас дошта бошанд.

Истифодаи масъулиятноки доруҳои зиддимикробӣ (антибиотикҳо) ин пеш аз ҳама масъалаи солимии инсон мебошад.

Доруҳои зиддимикробӣ барои табобати ҳайвоноти хонагӣ ва дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Онҳоро ҳатто ба зироатҳо ва боғҳои мевадиҳанда барои мубориза бо инфектсияҳое, ки ба ҳайвонот ва растаниҳое, ки барои истифодабарӣ дар ғизо парвариш карда мешаванд, мепошанд.

Ин доруҳои барои ҳаёт муҳим баъзан мунтазам ба хӯроки ҳайвонот, ҳатто ҳангоме ки онҳо аллакай солим ҳастанд бо мақсади пешгирӣ намудани инфектсияҳо ва зудтар фарбеҳ кардани ҳайвонот илова карда мешаванд. Ин ҳолат ба як қатор мушкилиҳо бурда мерасонад. Барои ҳамин бо мақсади пешгирӣ кардани паҳншавии инфектсияҳо ва сарфа намудани доруҳои зиддимикробӣ – захираи муҳими маҳдуд, ФАО фермеронро даъват мекунад, ки ин таҷрибаи зараррасонро бо чораҳои беҳтари гигиенӣ иваз намоянд.

Истифодаи нодурусти доруҳои зиддимикробӣ, аз қабили антибиотикҳо, ҳам дар соҳаи ҳифзи саломатии инсон ва ҳам дар соҳаи ҳифзи солимии ҳайвонот ба афзоиши шумораи бактерияҳои бемориовар, ки ба чунин методи табобатҳо устувор ҳастанд, бурда расонд, ки онҳоро барои табобат намудани баъзе инфектсияҳо бесамар мегардонад.

Ин маънии онро дорад, ки бемориҳое, ки метавонанд ба одамон ва ҳайвонот (ё ҳарду) таъсир расонанд ва метавонанд боиси зарари иқтисодии ҷиддӣ гарданд, табобат кардани онҳо душвортар, баъзан ғайриимкон ва аксар вақт гаронтар мегардад.

“Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ мушкилот барои ҳамаи мо ба шумор меравад,» гуфт ҷонишини директори генералии ФАО Букар Тиҷани.

«Дар саросари ҷаҳон зиёда аз 7 миллиард истеъмолкунандагон мавҷуд мебошанд ва амнияту сифати озуқаворӣ барои муваффақ гаштан ба қисмати зиёди 17 Ҳадафҳои рушди устувор аввалиндарҷа ба ҳисоб мераванд,” илова намуд ӯ.

Фермерон муҳофизони хати пеши мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ

 «Вақте мо дар хоҷагиҳои фермерӣ маводи зидди бактерияҳоро бениҳоят зиёд истифода мебарем, мо ба паҳншавии устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ мусоидат мекунем, зеро патогенҳои устувор тавассути партовҳои ҳайвонот ва ҷӯйҳои хоҷагии фермерӣ ба муҳити зист мегузаранд,» гуфт Хуан Луброт, коршиноси калони ФАО оид ба соҳаи байторӣ.

«Онҳо ҳатто метавонанд системаи озуқаи моро ва занҷираҳои бозорро ифлос намуда, аз саҳроҳо ва саисхонаҳо ба болои мизи мо гузаранд,» иброз дошт ӯ.

Луброт фермеронро «яке аз муҳофизони хати пеш» дар мубориза барои боздоштани таҳдиди афзояндаи устуворӣ ба доруҳои зиддибактериявӣ номид.

Мувофиқи гуфтаҳои ӯ се қадами содда мавҷуд мебошад, ки фермерон метавонанд барои тағйир додани вазъ истифода баранд.

Ин қадамҳо риоя намудани беҳдошти хуб дар хоҷагии фермерӣ, машварат намудан бо байтор пеш аз харид ва истифодаи доруҳои зиддимикробӣ ва табодули таҷриба бо ҳамсоягон мебошанд. Ӯ инчунин нақши фермеронро дар талаб кардани хӯроки баландсифат барои ҳайвонот бе илова кардани антибиотикҳо ё ин ки дигар воситаҳои зиддимикробӣ таъкид намуд.

Маслиҳатҳо барои беҳдошти хуби хоҷагии фермерӣ

  • Барои халосӣ ёфтан аз бактерияҳое, ки метавонанд боиси бемор гаштани ҳайвонот ва одамон гарданд мунтазам оғилхонаҳо, мурғхонаҳо ва зарфҳои моҳиро тоза кунед.
  • Пеш ва пас аз тамос бо ҳайвонот дастҳо ва мӯзаҳои худро шӯед ва ҳангоми кор кардан бо чорвои хонагӣ либосу пойафзоли худро иваз намоед.
  • Биное, ки дар он ҷо ҳайвоноти хонагӣ нигоҳ дошта мешаванд ва шафати онро тоза нигоҳ доред, партовҳоро дар он ҷо нигоҳ надоред ва он ҷоро аз саргину поруҳо мунтазам тоза кунед.
  • Нафароне, ки бо ҳайвоноти шумо дар тамос ҳастанд назорат кунед ва итминон дошта бошед, ки маҳалли мазкур пеш ва пас аз тамос тоза карда шудааст.
  • Усули дар як вақт парвариш кардани ҳайвоноти як синну сол ва нигоҳ доштани ин насли ҳайвонотро дар ҳамаи марҳилаҳои истеҳсолот (все пусто-все занято) истифода баред. Ин усул ҷамъ намудани партовҳо ва тоза кардани хоҷагиҳои фермериро ҳангоми ҷойивазкунӣ ва фурӯши онҳо осон мекунад.
  • Хӯроки ҳайвонотро хушк ва дар ҷои бехатар дур аз манбаҳои эҳтимолии бактерияҳо ба монанди хояндаҳо нигоҳ доред.
  • Ҷойҳои нигоҳдории ҳайвонотро хушк ва бароҳат бо масоҳати фаровон нигоҳ доред. Паст кардани сатҳи афсурдагии (стресс) ҳайвонот хатари сироятгардии онҳоро кам мекунад. Инчунин хӯроки босифат ва оби тозаро ба онҳо таъмин кунед.
  • Бо байтори худ оид ба иммунизатсия машварат кунед. Вақт аҳамияти калон дорад.
  • Ҳангоме ки ҳайвонот гирифтори беморӣ мегарданд барои пешгирӣ кардани паҳн шудани беморӣ онҳоро ҷудо кунед ва дарҳол аз мутахассиси байтор барои гирифтани ташхиси дуруст ва таъин намудани муолиҷа маслиҳат пурсед.

Таҳдиди афзоянда

Ҳар дақиқа як нафар аз инфектсияи ба табобат устувор мефавтад ва бе андешидани чораҳои глобалӣ ин рақам танҳо афзудан мегирад. То соли 2050 таҳдиди афзояндаи устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ ба иқтисоди ҷаҳон дар як сол тақрибан 6 триллион долларро ташкил медиҳад.

Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ ҳамчунин барои амният ва бехатарии озуқаворӣ ва таъмини воситаҳои зиндагии миллионҳо хоҷагиҳои фермерӣ дар тамоми сайёра, ки барои худ талафоти маҳсулот, хароҷоти нигоҳубини ҳайвоноти бемор ё ин ки талафоти чорворо раво намебинанд, мушкилиҳои ҷиддӣ эҷод мекунад

“Агар мо аҳолии афзояндаро бо ғизо таъмин карданӣ бошем ва таъсири доруҳои зиддимикробиро нигоҳ доштанӣ бошем,” гуфт Луброт, “мо бояд барои гузаштан ба таҷрибаҳои устувори кишоварзӣ барои фермерони худ ва системаҳои истеҳсоли озуқаворӣ сармоягузорӣ кунем.”

ФАО дар саросари ҷаҳон баҳри кӯмак расондан ба ҳукуматҳо, соҳаҳои кишоварзӣ, мақомотҳои марбут ба ҳифзи солимии ҳайвонот ва инчунин ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти чорводорӣ барои ҳалли мушкилоти устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ фаъолият мекунад. Ин фаъолиятҳо бо дастгирии фаъоли Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Вазорати тандурустии Русия, Агентӣ оид ба рушди ҳамкории Норвегия, хазинаи Флемингаи Шоҳигарии Муттаҳида, инчунин Чин, Фаронса, Нидерландия, Норвегия ва Шветсия амалӣ мегарданд.

Барои маълумоти бештар:

БУНАФША АЗИМОВА
Ёвар оид бо кор бо ВАО
ФАО Тоҷикистон
Тел: +992 93 577 33 73
E-mail: Bunafsha.Azimova@fao.org