Дар доираи Рӯзҳои вилояти Самарқанди Узбакистон дар вилояти Суғд дар Қасри варзиши маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии вилоятҳои Суғду Самарқанд баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, зимни маролсими ифтитоҳи намоишгоҳои молу маҳсулоти Самарқанд дар вилояти Суғдро намунаи олии тавсеаи ҳамкориҳо арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи вай, ҳузури гурӯҳи калони намояндагони вилояти Самарқанд дар намоиши байналмилалии савдо «Суғд-2018» имкон дод, ки миёни доираҳои тиҷоратии ҳар ду вилоят созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расад.

Дар намоишгоҳи мазкур 60 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилояти Самарқанд ва 60 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилояти Суғд маҳсулоти гуногунро аз қабили маҳсулоти соҳаи мошинсозӣ ва техникаи хоҷагии қишлоқ, сохтмон, нассоҷӣ, мебел, қолинбофӣ, чиниворӣ, дорусозӣ, хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти шириву гӯштӣ ва нонӣ, меваи хушк, консерва, нӯшокиҳои ташнашикан, асал ва амсоли инро ба намоиш гузоштанд.

Инчунин зимни суханронӣ Раҷаббой Аҳмадзода, афзуд, ки бо бозшавии гузаргоҳҳои сарҳадӣ теъдоди меҳмонону сайёҳоне, ки аз Узбакситон тавассути вилояти Суғд ба Тоҷикистон ворид мешаванд, афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳони Узбакистон аз вилояти Суғд дидан карданд. ва
«Ин худ гувоҳи он аст, ки равуои сокинон ва табодули молу маҳсулот миёни кишварҳо дар ҳоли афзоиш қарор дорад», — таъкид кард Аҳмадзода.

Инчунин дар доираи намоишгоҳи молу маҳсулоти Самарқанд дар шаҳри Хуҷанд Форуми соҳибкорони вилояти Суғду Самарқанд баргузор шуд.

Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20180910/1026715823.html