Душанбе50 нафар донишҷӯёни соли охири факултаи тибби ветеринарии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо шарофати лоиҳаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, соҳиби таҷрибаи касбӣ дар соҳаи худ хоханд гашт.

Ҳадафу мақсадҳои асосии лоиҳа баҳри дастгирӣ намудани Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат равона карда шудаанд. Чорабинии мазкур дар ҳамкории зич бо Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Таҷрибаомӯзӣ қариб ду моҳ, аз моҳи август то моҳи октябр давом карда, ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки он донишу малакае, ки дар синфхонаву озмоишгоҳҳо аз худ намуда буданд, дар амал татбиқ намоянд. Ҳамчунин курси мазкур тавассути беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои ветеринарӣ ба мардуми маҳаллӣ, ки амнияту бехатарии маҳсулотҳои чорводориро барои истеъмоли дохилӣ ва фурӯш мустаҳкам мекунад ва талафоти чорворо коҳиш медиҳад, метавонад барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот таъсир расонад.

“Таъмини сифати хизматрасониҳои ветеринарӣ дар деҳоти Тоҷикистон хеле муҳим мебошад,” гуфт Фирӯз Раҳимов, устоди факултаи тибби ветеринарӣ. “Дастрасӣ ба чунин хизматрасониҳо барои мардуми маҳаллӣ дар кишлоқҳо барои таъмини саломатӣ ва маҳсулнокии чорво хеле муҳим мебошад.”

Донишҷӯёни беҳтарин дар асоси натиҷаҳои санҷиш ва дигар меъёрҳои дахлдор интихоб карда шуданд. Онҳо дар клиникаҳо ва фермаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон таҷриба омӯхта, бо ветеринарҳои пуртаҷриба таҳти роҳбарии устодони худ зич фаъолият мекунанд.

 “Барои мо баҳри дар амал татбиқ гардондани донишҳое, ки мо дар давраи донишҷӯӣ аз худ намудем, имконияти хеле хуб аст. Ман аз курси мазкур интизориҳои хеле зиёд дорам,” таъкид намуд донишҷӯи соли охири Донишгоҳи аграрӣ, ки барои иштирок дар барнома интихоб шудааст. “Умедворам, ҳунару малакаҳои ҷарроҳии худро сайқал диҳам. Барои ман тибби пешгирикунанда низ дар ҷои аввал меистад. Бинобар ҳамин мехостам донишу фаҳмиши худро оид ба табобати тиббии ҳайвонот беҳтар намоям.”

Чорводорӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳимро мебозад. Чорвои солим ба амнияти озуқавории миллионҳо нафар аҳолии кишвар мусоидат мекунад.

БУНАФША АЗИМОВА
Ёвар оид бо кор бо ВАО
ФАО Тоҷикистон
Тел: +992 93 577 33 73
E-mail: Bunafsha.Azimova@fao.org