Пеш аз он, ки ба саволи номбурда ҷавоб диҳем, бояд аниқ кард, ки худи амнияти озуқаворӣ чист. Он номгўи пайваста бо тадбирҳоест, кӣ барои таъмини мардум бо маводи озуқа, ва бо пешгирӣ намудани умури озуқавии моро аз хатарҳои таҳдидкунандаи вобастаги дорад бо омилҳои дохилию ва хориҷӣ, аз ҷумла дорои хусусиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, иҷтимоӣ ва экологиро бо назардошти захираву имкониятҳои мавҷуда дар бар мегирад.Мо бояд бо самтҳои асосӣ ё усулҳои,кӣ муносибатамонро доир ба ҳимоя ва ғанию мукаммал сохтани бозори дохилии озуқа пайрави дошта бошем.
Мақсад ноил гардондан ба худкифоӣ ва истиқлолияти озуқавии кишварамон талаботи калон аст.Вазъи мавҷудаи иқтисодию сиёсии Ҷумҳурии моро водор мекунад, ки кишвари худамонро бо маводи озуқа таъмин созем. Ин зарурат аз ҷумла ба он вобаста аст, ки бахши нисбатан муҳими таъминоти аҳолӣ бо шароиту умури озуқавӣ (комплекси агросаноатӣ ва неъматҳои табиатҳои он) ба «хўрондан» — и мардумамон бидуни омодагӣ бояд иҷро шавад.Сабаб дар он аст,кӣ кишвари мо чун давлати соҳибистиқлол дар бахши худкифоӣ бо маводи озуқа бо мушкилоти ҷиддӣ рў ба рў гардид, зеро низоми пешина барҳам хўрду бунёди низоми нав бошад, бо суръати суст ва бо озмоишкориҳою роҳравӣ нав бо пешпо хўрданҳо то ба ҷараёни ҳозира дорад пайваста бар таъмини амнияти озуқаворӣ.
Бинобар ҳамин яке аз шартҳои муҳими пешрафти давлат ва ба фароҳам сохтани истеҳсолоти аграрии ва бо самарабахш пешравии он, ба вуҷуд овардани бозори мукамали озуқавӣ, ки онро аз пешгирӣ намудани хатарҳои дохилию ва хориҷӣ ба умури умумии озуқа, ҳамчунин ба захираҳои ватани ва пешравиҳои он қодир шудан, вобаста мебошад. Ба ин муносибат айни замон ба бозори дохилии озуқаворӣ «зиён» — и ҷиддӣ бо шароити таҳдидӣ дорад ва ин хатар ба амнияти онро талаб мекунад пешравии истеҳсолии кишоварзиро пешрави кунем.
Пайдоиши ин ақидаро тавлиди давлати нав фароҳам сохт, ҷараёни густариши онро бошад, бўҳрони умумииқтисодӣ ва заиф будани омилҳои ҳимоявӣ (аз он ҷумла, омилҳои дорои хусусиятҳои ҳуқуқию ва иқтисодӣ) ба вуҷуд омада буд. Бинобар ҳамин зарурати ҷиддии сиёсати давлатии оқилонаи иқтисодии он, ки бояд ба пешгирии хатари озуқавӣ нигаронида шуда бошад,кӣ он яке аз равандҳои муҳими иқтисодӣ аст. Дар ҷараёни роҳандозӣ шудани он бояд махсусиятҳои умури озуқавии кишвар, ҳамчунин меъёрҳо ё аломатҳои муосири қабулшудаи ин хатар ба эътибор гирифта бояд шавад. Мувофиқи ҳамин амнияти озуқавӣ ҳамон вақте дастгири мешавад, ки агар заминаҳои асосии он мавҷуд бошаду ва ба талаботи зайл ҷавоб диҳанд: ҷисман дастрас будани озуқа, аз ҷиҳати иқтисодӣ; дастрас будани озуқа, бо мутобиқат ба меъёрҳои ҳозираи истеъмолӣ инсони бояд пайваста бошад.
Омилҳои номбурда бояд ҳам таъминоти умумихалқию, умумимиллиро пайваста бо таъминоти ҳар як нафар одамро бояд муайян кунанд. Бо назардошти ҳамин дар мавриди таъминот ё истиқлоли умумимиллии озуқа ҳарф задан, пеш аз ҳама эътибор додан лозим ба ҷисман дастрас будани озуқаворӣ ва ҳамеша ҷустуҷў кардан ба шароитҳои лозими ва ба фароҳам овардани ин шароити зарурӣ заминаҳои лозими зарур аст. Бинобар ҳамин амнияти озуқаворӣ маънои он пайваста ба таъмини ҷисман дастрас будани озуқаро дорад, ки ҳамроҳ бо худкифоии озуқавӣ ҳамчун баробарӣ дар талабот аз ҷиҳати таркиби ғизо (аз ҷумла, ангиштобҳо, сафедаҳо, чарбу, унсурҳои маъданӣ) бояд фароҳам оварда шавад ба ҳар шахс.
Шарти иловагии ба ин зина расидан ба қобилияти харидорӣ, соҳиб будани ҳамаи аъзои ҷомеа мебошад, ки аз рўи меъёри пасттарини истеъмолии аз ҷониби мутахассисони хўрок тавсия гардида муаяйн мешавад. Амнияти умумимиллии озуқавориро танҳо ба маънои захира намудани миқдори зарурии маводи озуқа фаҳмидан дуруст аст. Барои ҳамин амнияти озуқаворӣ танҳо бо тавассути фароҳам овардани замина истеҳсолии он барои истеъмоли бехатари ҳамаи аҳли ҷомеа пурра амалӣ мегардад. Зери ин мафҳум ҳамчунин дастрас будани миқдори зарурии маводи озуқавории зарурияти лозимии сиёсати давлати дорад ва наросидани он бидуни унсурҳои зиёновар аз норасогии он, ки ба саломатии инсон таҳдид мекунанд, фаҳмида мешавад.
Мушкилоти мавҷудаи худкифоӣ аз маводи озуқа ва амнияти озуқавӣ, ки марбути он пайваста аст, барои кишвари соҳибистиқлол ва пешравии он бо масъалаҳои нисбатан муҳим ва афзалиятнок пайваста аст, зеро он яке аз ҷанбаъҳои асосии зиндагии мўътадили одамонро ташкил медиҳад. Ва ҳамчунин густариши хатари озуқавӣ метавонад оқибатҳои вазнини иҷтимоию иқтисодӣ: гуруснагию бемориҳо, камшавии умри одамон, зиёд шудани теъдоди ашхоси ноқис дар миёни насли наврас, бенизомиҳои оммавӣ, вобастагии он бо иқтисодёт (қарзҳои давлатӣ, мўҳтоҷ будан ба кўмакҳои башардўстона ва ғайра) кӣ он ба дунболи ҳаёти ҳозира бошанда нест.
Бинобар ҳамин мушкилие, ки ба амнияти умумимиллии озуқавӣ вобаста аст, ҳалли вазифаи нисбатан муҳими иҷтимоию иқтисодиро тақозо мекунад. Он кафолати ҷисман дастрас будани озуқа ба аҳолӣ пайваста мебошад. Ин гуна муносибатро кӣ то як андоза раво шуморидан мумкин аст. Аммо вобаста ба давраҳои нисбатан тўлонӣ худкифоии умумимиллии озуқавӣ бояд ҳамчунин аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас будан (аз ҷумла қобилияти харидорӣ доштан) ё дастрас будани навъҳои нисбатан қиммати маводи озуқавиро ҳам (аз он ҷумла, маҳсулоти гўшту шир, нўшобаҳо, меваҳои ситрусӣ, маҳсулоти коркардашон мураккаб) бояд дар бар гирад.
Дар ин равандҳо таҷрибаи ҷаҳонӣ собит мекунад: он кишварҳое, ки сиёсати оқилонаи иқтисодӣ бурда, ба масъалаи озуқа ҳамчу аҳамияти афзал додаанду барои таъмини амнияти он аз хатарҳои дохилию хориҷӣ тадбирҳо ҷустаанд,ин ҳаёти мувофиқро таъмин намуда, дигар мушкилоти иҷтимоию иқтисодиро осонтар ҳал карда мешаванд. Ва баръакс, набудани стратегияи оқилона бисёрии давлатҳоро ба қатори давлатҳои ҳамеша «гурусна» ва ақибмонда партофта шуда вуҷуд дорад.
Чунин вазъият ба кишвари мо ҳам ба як андоза дахл дорад, ки дар шароити бўҳрони сиёсию иқтисодӣ дар таъминоти аҳолӣ бо маводи озуқа ва ба мушкилот рў ба рў гардид. Зеро бўҳрони ба амал омада бештар аз ҳама ба соҳаи ҳаётан муҳим таъсири манфӣ расонд. Он низоми таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа мебошад, ки ба ҳадди хатарноки ниҳоӣ расид, яъне он ҳоло 2100 килокалория, ё худ 30 грамм сафедаро ба ҳар одам дар як шабонарўз ташкил медиҳад, ки 40 — 45 дарсади талабот аст.
Сабаби ин ҳолат бештар ба ҳодисаи барҳам хўрдани иттиҳод вобаста аст, ки дар натиҷа Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳз бахши аграрии он умуман бо умури озуқави ба ин ҳолатӣ ба таври кофӣ, ин омода набудану ва қобилият надоштан ба худкифои бо маводи озуқавӣ. Пайваста ба вазъи бозори дохилии озуқа дар солҳо (1991- 1997) афзалият доштани равандҳои стихиявӣ дар иқтисод ва мавҷуд набудани сиёсати асосноки аграрӣ бештар таъсири манфӣ расонид. Дар натиҷа ин равандҳо хусусияти бебозгашт гирифтанд — яъне коҳиши бемайлони тавлидот ва вобастагии зиёд ба овардани озуқа аз хориҷи ҷумҳурӣ (аз он ҷумла, воридот, кўмакҳои башардўстона ва хайриявӣ), беадолатӣ дар муносибат бо молбаророни ватанӣ, беназоратӣ ба берун кардани маҳсулоти зарурӣ аз кишвар ва умуман беназротии бунёдшуда дар робитаҳои иқтисодии хориҷӣ пайвастаги дорад.
Ба ин муносибат дар айни замон зиёд густариш додани воридоти озуқаворӣ чун воситаи асосии қувват додани бозорҳои ҷаҳонӣ, чун унсури муҳими рақобат нақши муайяни мусбӣ бозид: ба беҳтар шудани таъминот бо озуқа, ғанӣ сохтани анвои маҳсулот мусоидат кард. Вале якҷониба озодӣ додан (либералӣ кунонидан) ба воридоти озуқа бо шароитҳои барои воридот фоиданок (боҷҳои фавқулодда пасти гумрукӣ, озод намудани воридот аз андози гардиш, бе маҳдудиятҳои миқдорӣ, таносубҳои мусоиди табдили пул ва амсоли ин дар назар дошта шудааст) ва ҳамчунин мусоидати васеи ҳукуматҳои кишварҳои содиркунандаи озуқа ба истеҳсолот, ки имкон медиҳад ин навъи маҳсулот назар ба хароҷоти воқеӣ арзонтар фурўхта шавад, вазъи бозори дохилии озуқаро танг мекунад. Чунки маводи озуқавории воридотӣ на танҳо бозорро ғайри ғанӣ месозанд, балки ҷои қисме аз маҳсулоти ба таври фаровон тавлидшавандаи ватаниро пешгири мекунад. Бинобар ҳамин дар шароити имрўза бахши аграрии Тоҷикистон маҷбур аст барои маҳдудияти худ дар шароити хеле мушкили дастрасӣ ба бозори ҷаҳонӣ, ки бо тадбирҳои афзалиятдиҳӣ (ё худ протексионистӣ) ҳифз мешавад, барои мавҷудияти худ мубориза барад.
Қариб барои ҳамаи кишварҳои мутараққӣ танзими бахши иқтисоди аграрӣ: афзалиятдиҳӣ (протексионизм, дастгирӣ кардан), ҳифзи истеҳсолоти кишоварзии дохилӣ хос аст ва ин ба мо ҳеҷ намерасад. Ин сиёсат ба мо аз он ҷиҳат зарур аст, ки сиёсати иқтисодии кишварҳои нисбатан тараққи карда фаъол ва ҳамлаварона (агрессивӣ) асту хусусияти ошкорои истилогарона (экспансивӣ) доранд.
Хусусиятҳои нисбатан хоси ин гуна истило пайваста ба воридот ва ҳамлаи молӣ мебошад, ки молбаророни ватаниро бештар дар шароити нобаробар мегузорад, махсусан нисбат ба он молҳои аграрӣ, ки барои истеҳсоли онҳо шароитҳои кофии табиию иқтисодӣ мавҷуданд (аз он ҷумла, истеҳсолоти равғану чарбу, қаннодӣ, маю шароб, нўшобаҳо, сабзавоту мева, чарм, маводи бофандагӣ ва монанди инҳо). Ин метавонад ба қатъ гардидан ва муфлисшавии бисёр навъҳои ояндадори ба тавлидот пешрави дошта, ҳамчунин аз истифода бурдани қисми зиёди захираҳои мавҷудаи аграрӣ шароити хуби иқтисоди дорад барои пешравиҳо.
Аз ҷониби дигар — бахши аграрӣ ва умуман умури озуқавии давлати мо метавонанд аз манбаи ашёи хоме ки дорад ин пахта, пилла, тамоку, пашм, пўсту чарм, пар, растаниҳои доруворӣ, геран ва ғайра онро содир намоянд ҳамчу маҳсулоти тайёр.Ин шароит метавонад моро ба кишварҳои нисбатан пешрафта табдил ёбад. Оқибатҳои ин раванди оғозшуда агар ҷой ёбад он бояд аз талафёбии иқтисоди оварда мерасонад, ки имкон дорад ва медиҳад, кӣ он ба барои ғанӣ гардондани бозори дохилии озуқа истифода бурда шавад дар оянда.
Aбдувосиев Фаррух, ҳодими пешбари илмиӣ, Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ