Барои дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳукумати Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016»-ро ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон ирсол намуд, ки дар он барои корхонаву ташкилотҳои ҷудогона имтиёзоти андозӣ дар соли 2016 пешбинӣ шудааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи ин тағйирот андоз аз фурӯши нахи пахта бекор шуда, вале ба ҷойи он андози нав – боҷи содиротӣ дар ҳаҷми 10 фоиз аз арзиши гумрукии нахи пахтаи содиротмешуда ҷорӣ мегардад.
Ғайр аз ин, ҳукумат пешниҳод кардааст, ки барои корхонаҳои бахши сохтмон, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои хӯроки умумӣ ҳаҷми андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) то 5% кам карда шавад.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳаҷми андоз аз арзиши иловашуда барои тамоми андозсупорандагон ба андозаи 18% муқаррар шудааст.