Дар шаҳри Исфара аз ҷониби ходимони илмии Институти боғпарварӣ дар ҳузури роҳбарияти сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд бо мутасаддиёни бахши кишоварзии ҷамоатҳои деҳот ва беш аз 100 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқонии самти фаъолияташон боғдорӣ машварати корӣ гузаронида шуд.

Семинари мазкур ҷиҳати бозомӯзии назариявию амалии коркарди агротехникии боғот, башаклдарорӣ, коркарди кимиёвӣ, ташкили боғҳои интенсивӣ ва фаҳмонидани афзалияти онҳо доир шуд.

Дар қисмати назариявии семинар олимон ба иштирокдорон вобаста ба тарзи буридан ва муҳлатҳои буридани шохи дарахтон, бунёди боғҳои интенсивӣ, коркарди кимиёвии боғот ва муҳлатҳои ин амал маълумоти васеъ ва фарогир доданд ва ба суолҳои сершумори боғпарварон ҷавобҳои саҳеҳ гардониданд.

Дар қисмати дуюми машварат корҳои марбут ба тарзи буридани боғот, коркарди кимиёвии он ва тарзи дурусти шинонидани ниҳолҳо дар амал намоиш дода шуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳоло дар шаҳру деҳоти Исфара 12 ҳазору 12 гектар боғҳои мева мавҷуд буда, аз он 10 ҳазору 658 гектарашро боғи меваи донакдор ва 1353 гектарашро боғи меваи тухмдор ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар Исфара 393 гектар ангурзор мавҷуд аст.