Яке аз омилҳои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ ин эмин нигоҳ доштани зироатҳои киштшуда аз ҳаргуна касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасон мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф аз оғози корҳои саҳроӣ бояд ҳаракат кард. Яъне интихоби навъҳои тухми зироатҳои кишоварзӣ барои ҳосилнокии зироат аҳамияти калон дорад.

Яке аз асосҳои муҳофизати интегратсионии растаниҳо (МИР) — ин интихоби тухмиҳои навъҳои тобовар ба касалиҳою ҳашаротҳо мебошад. Чунин навъҳоро дар натиҷаи пайвандкунии анъанавӣ ва биотехнологияҳои муосир ба даст овардан мумкин аст. Масалан, навъҳои ба ҳашаротҳо ва ё ба гербитсидҳо тобовар метавонанд зарурият ба дигар тадбирҳои муҳофизати растаниҳоро кам намоянд. Яъне, бо роҳи пайвандкунӣ мо метавонем зироатҳои парваришкардашударо аз ҳаргуна касалӣ ва ё ҳашаротҳои зараррасон нигоҳ дорем.

Аз ин лиҳоз, тавсия дода мешавад, ки ҳангоми харидорӣ намудани тухмиҳо ба кадом намудҳои зараррасонҳо тобовар будани онҳоро пурсиш намуда, навъҳои бештар ба зараррасонҳо тобоварро интихоб намоед. Истифодаи навъҳои тобовар зарурият ба дигар тадбирҳои муҳофизати растаниҳоро кам менамоянд ва ҳамин тавр, хароҷоти парвариши зироатҳо, инчунин таъсир ба муҳит ва саломатии инсон низ кам карда мешавад.

Акмал Насруллоев