Агар шумо навъҳои ремонтантӣ дошта бошед ва мехоҳед парвариши қулфинайро дар фасли зимистон давом диҳед, парвариши онро дар шароити гармхона ба роҳ монед. Ҳарорати дохили гармхонаро аз +22 то +240 С танзим намудан лозим аст. Барои гарм кардани гармхона хароҷоти молиявии онро ба назар гирифтан лозим аст. Дар бисёр минтақаҳои агроиқлимии ҷумҳурӣ дар фасли зимистон парвариш намудани қулфинай хароҷоти зиёди молиявиро талаб менамояд ва дар ин ҳолат ба кишоварз фоидаи кам меорад. Усулҳои самарабахш ва камхарҷи тавлиди гармиро ҷустуҷӯ намудан лозим аст, то ки бо харҷи кам парвариши ин зироатро дар шароити гармхона ба роҳ монда тавонед.
Бо фарорасии фасли сармо растаниҳои қулфинайи дар шароити замини кушод парваришшавандаро аз алафҳои бегона тоза карда, дар бехи онҳо коҳи майда пошидан лозим аст, ки зимистонгузаронии қулфинайро беҳтар мекунад.
Ҳамеша назорат кардан зарур аст, ки дар дохили киштзори қулфинай зараррасонҳои хоянда пайдо нашавад. Агар ба хоки байни қаторҳои қулфинай коркард карда шуда нуриҳои фосфорию калийгӣ истифода шавад, боиси гирифтани ҳосили фаровон дар соли оянда мегардад. Агар растаниҳои қулфинай рушди зиёд дошта бошанд ва ҳаҷман калон бошанд нақшаи ягонакунии онро дар аввали фасли баҳор пеш аз гулшукуфоии қулфинай ба назар гирифтан лозим аст.
Қулфинай дар хокҳои серғизо ҳосили фаровон медиҳад ва хокҳои камғизо боиси заиф гардидани рушди растаниҳо гардида, ҳосилнокии онҳо паст мегардад.
Агар имконияти дастрас намудани поруи пурра пӯсида дошта бошед, беҳтарин имконияти истифодаи он дар охири моҳи ноябр пеш аз коркарди байни қаторҳо мебошад. Нуриҳои нимпӯсида ва тару тоза боиси сабзидани шумораи зиёди алафҳои бегона ва пайдо шудани касалиҳои замбӯруғию бактериявии қулфинай мегардад.
Хурсандӣ Сафаралиев