Дар моҳи сентябр барои зироати картошка марҳилаи гузаронидани корҳои агротехникӣ, яъне нармкунӣ, каландкунӣ, хоккашкунӣ, обёрӣ, мубориза бар зидди ҳашаротҳо ва касалиҳои зараррасон мебошад. Ғизодиҳии асосӣ 1 бор гузаронида шавад. Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани нашъунамои картошка, ғизодиҳӣ аз барг низ гузаронида шаванд. Ғизодиҳиро аз барг дар вақти калоншавии лӯндаҳо бо маҳлули макро-микроэлементҳо Агровитамин (барои 1 га 0,5л бо 300 л об омехта), ғизои органо-минералӣ Изабион (барои 1 га 1л бо 300 л об омехта), маводҳои ширкати Кода аз 0,3 то 1,0 л/га, ширкати Арашими (NPK+202020+TE, бустана-005018 аз 0,6-1,0кг) аз барг ва реша 2-4 кг/га бо обёрӣ додан тавсия дода мешавад. Вобаста аз шароити иқлими маҳал ва афзоиши зироати картошка ғизодиҳии асосӣ 2 маротиба гузаронида мешавад. Гузаронидани коркард дар вақти бегоҳирӯзӣ ва салқинии ҳаво тавсия дода мешавад.
Барои мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон, куяи картошка, кирми тирамоҳӣ бошад, истифодаи инсектитсидҳои зерин тавсия дода мешавад: Супер Топ (барои 1 га 1,0 л бо 300 л об омехта), Данадим Эксперт (барои 1 га 1,5-2,0 л бо 300 л об омехта), Нурелл Д 55% (барои 1 га 0,5л бо 300 л об омехта), Ланнат (барои 1 га 1,2-1,5 л бо 300 л об омехта) дар вақти нашъунамо 30 рӯз пеш аз ғунучини ҳосил коркард кунед. Барои пешгирӣ ва табобати касалии фитофитор ва ғайра касалиҳо бошад, бо фунгитсидҳои Ридомил Голд (барои 1 га 2,5кг бо 400 л об омехта) барои пешгирӣ, Браво (барои 1 га 2,5-3,0л ва Курзат 2,0 кг бо 400 л об омехта) дар вақти пайдошавии касалӣ коркард бояд кард.
Максут Отабеков