7 декабри соли 2021, Душанбе – Биотехнологияи пешрафта, агар бо технологияҳои дигар ба таври дуруст муттаҳид карда шавад, воситаҳои пурқувватро барои рушди устувори соҳаҳои кишоварзӣ, моҳидорӣ ва ҷангал, инчунин қонеъ кардани ниёзҳои озуқавории аҳолии торафт афзоишёбанда ва бештар шаҳрнишиншуда фароҳам меорад. Ин воситаҳо барои такмилдиҳӣ ва устуворгардонии ҳосилнокӣ, беҳтар кардани муқовимат ба ҳашароти зараррасон ва бемориҳо, инчунин беҳгардонии арзиши ғизоноки маҳсулоти озуқаворӣ равона шудаанд.

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) лоиҳа оид ба  такмили иқтидор ва системаи мониторинги организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағирёфтаро дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Барномаи ҳамкориҳои техникӣ маблағгузорӣ мешуд, ба анҷом расонд. Ҳадафи  лоиҳаи мазкур мустаҳкам кардани зарфиятҳои миллӣ дар бахши мониторинг ва назорати ГМО мебошад. Лоиҳа барои таъмини бехатарии маҳсулоти озуқавории воридотӣ ва истеҳсоли маҳаллӣ, инчунин мусоидат намудан ба афзоиши савдои маҳсулоти кишоварзӣ ва муносибатҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мусоидат мекунад.

Лоиҳаи мазкур бо дархости Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 дар доираи лоиҳаи дигари калонтару муҳим «Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати  давлатии  байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат» таҳия шуда, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии ҳукумати Тоҷикистон дар татбиқи Барномаи ислоҳоти кишоварзӣ барои солҳои 2012-2020 маблағгузорӣ мегардид.

“Рушди босуръати биотехнология ва муҳандисии генетикӣ системаи мониторинги ГМО-ро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон хеле муҳим мегардонад. Соли 2004 Тоҷикистон ба Протоколи Картахена оид ба бехатарии биологӣ ба Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ ҳамроҳ шуда, соли 2013 узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ) гардид. Ҳамчун яке аз созмонҳои пешбари кишвар дар таҳкими тавонмандӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дар Тоҷикистон, Намояндагии ФАО дар пешбурди системаи мониторинги ГМО дар Тоҷикистон саҳм мегузорад”, – таъкид кард Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. «Натиҷаҳои лоиҳаи мазкур ба такмили низоми ошкоркунии бармаҳали маҳсулоти озуқавории дорои ГМО кумак намуда, ба татбиқи беҳгардонии системаи бехатарии озуқаворӣ то соли 2030 дар кишвар мусоидат карда, инчунин имконоти бештарро барои содироти маҳсулоти озуқавории истеҳсоли маҳаллӣ боз мекунад».

ФАО дар ҳамкорӣ бо Кумитаи бехатарии озуқаворӣ як қатор чорабиниҳои баланд бардоштани иқтидори шарикони миллӣ, аз ҷумла курсҳои омӯзишӣ оид ба арзёбии хавфи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта (ГМО), санадҳои нормативӣ ва амалҳо оид ба натиҷаҳои мусбӣ, ки бо риояи ISO 17025 кор мекунанд, дар вақти воқеӣ ошкор кардани ГМО ва системаҳои пешрафта ташкил намуд. Илова бар ин, миссияи коршиносони байналмилалӣ барои арзёбии иқтидори мавҷудаи бехатарии биологӣ дар сатҳҳои сиёсӣ ва озмоишӣ ба Тоҷикистон сафарбар карда шуд.

Мушовирони лоиҳа инчунин ҳуҷҷатҳои аз қабили Стратегияи рушди иқтидори мутахассисони бо ГМО сарукордошта, нақшаи чорабиниҳои мониторинги ГМО, дигар тавсияҳо, дастурҳо оид ба санҷиши лабораторӣ ва дастур оид ба сиёсат дар самти ГМО, консепсияи марбут ба тадбирҳои беҳтар намудани иқтидори мониторинги ГМО дар Тоҷикистонро омода карданд.

fao.com