Ҷуғрофия
Минтақаи пайдоиши писта Осиёи Миёна ва мамлакатҳои Шарқ ба ҳисоб меравад. Онро дар Эрон, Афғонистон, Покистон, Суриё, Испания, Италия, Юнон, Туркия ва Амрико парвариш менамоянд. Ҳоло бошад пистаро дар бисёрии мамлакатҳои иқлимаш гарм ҷорӣ намуда истодаанд. Дар вақти пухта расидан меваи писта кушода мешавад, аз ҳамин лиҳоз мо онро пистаи хандон мегӯем.

Таърихча
Мағзи писта болаззату хушбӯй ва таркибаш серғизою фоидабахш буда, зиёда аз ду ҳазор сол парвариш карда мешавад. Писта дар Эрон замоне рамзи боҳашаматӣ буд ва баъзан ҳатто ба ҷои пул ҳангоми шартномаҳои тиҷоратӣ истифода бурда мешуд. То ҳол писта маҳсулоти стратегии ин кишвар ба шумор рафта, барои баровардани ниҳолҳои маҳаллии эронии писта, бояд аз давлат иҷозатномаҳои махсус дода шавад. Дар Хитои Қадим бошад меваи пистаро чормағзи хушбахтӣ меномиданд.

Хусусиятҳои биологӣ
Дарахти писта одатан то 7-8м, баъзан аз ин ҳам баландтар мешавад. Сутунаш яктана ё якчанд танагӣ аст. Рангаш хокистарранг буда, диаметраш 1-1,5м, баргу шохаҳои танааш куррашакл мебошад. Навдаю баргҳои ҷавонаш сурхтоб аст. Хӯшагулаш то 10см. Мевааш- писта, дарозиаш 2,5-3см, бараш 1-1,5см, вазни миёнааш 0,5-0,7г. Дар шароити Тоҷикистон нимаи дуюми апрел гул мекунад. Мевааш охири моҳҳои июл-август мепазад.
Дарахти писта ба равшанӣ талаботи калон дошта, ба хунукиҳои то 30оС ва гармиҳои 45- 48оС тоқат карда метавонад. Инчунин системаи решаи боқувват дошта, нисбат ба дигар намуди дарахтон ба хушкӣ хело тобовар аст. Тиррешааш ба чуқурии то 15м ва решаҳои паҳлугиаш бошад аз ҳудуди танаи дарахт зиёдтар ба ҳар тараф ривоҷ ёфта, намиро ҷаббида мегирад. Аз сабаби боқувват будани решааш онро бо мақсади пешгирӣ намудани эрозияи хок низ мешинонанд.
Дар заминҳои лалмии наздикӯҳӣ то баландиҳои 700-1500м нисбат ба сатҳи баҳр нашъунамо карда, бе обёрии иловагӣ ҳосил медиҳад. Дар водиҳо, заминҳои ҳамвори баландиаш 350-700м нисбат ба сатҳи баҳр ҷойгирбуда боғҳои обёришавандаи пистаро бунёд кардан мумкин аст.

*** *** ***

Дархти писта дуҷинса мебошад, яъне баъзеи онҳо танҳо гули нарина ва дигараш гули модина меорад. Дар пистазорҳои худрӯй 40-45%-и дарахтон мардона мебошанд, аз ин сабаб ҳосилнокии умумиашон кам мешавад. Вақти бунёди боғи писта ин хислаташро ҳатман ба эътибор гирифта, ба ҳар 12-14 дарахти модинаи он як дарахти наринаашро шинонидан зарур аст.
Дарахти писта то 1000 сол умр мебинад ва 300-400 сол ҳосил медиҳад. Пистаи худрӯй ба ҳисоби миёна то 1кг ва баъзе дарахтони алоҳидаи калонсолаш то 25-30 кг ҳосил медиҳад. Дарахти пистаи боғе, ки бо нақшаи 6х6м/6х7м шинонида шуда, бо обёрии иловагӣ парвариш карда мешавад, аз ҳар гектараш 2-3т ҳосил медиҳад.

Агротехника
Навниҳоли пистае, ки моҳи март аз тухмаш сабзида баромадааст, то моҳи ноябр 25-30см аз рӯи хок боло қад мекашад. Аммо решааш аллакай ба чуқурии то 1,5м ривоҷ меёбад. Ҳангоми саратон (моҳи июл) навниҳоли писта барои кам бухор кардани об ҳатто баргҳояшро хушк менамояд, лекин дар ин муддат сабзиши решаашро давом медиҳад, ки роҳи худмуҳофизаткунӣ мебошад. Соли дуюм қади ниҳолҳо то 60-80см баланд шуда, ба гузаронидани пайванд тайёр мешаванд. Ниҳолҳои 1-2 солаи писта решаҳои паҳлӯгӣ надошта, танҳо як тиррешаи рост меорад. Аз ин сабаб вақти кӯчат кардан сабзидани онҳо гумон аст.
Роҳи беҳтарин ва сарфаҷӯёнаи зиёд намудани миқдори писта дар шароити Тоҷикистон аз тухмиаш дар ҷои доимӣ корида, парвариш намудани он мебошад. Пас аз сабзида баромадан, соли дуюм ва сеюм пайванд кардани онҳо тавсия дода мешавад.
Солҳои охир пистаро дар контейнерҳо, яъне халтачаҳои полиэтиленӣ кишт карда, баробари ниҳолчаҳо 20-25 см қад кашидан нӯги тиррешаҳои онҳоро аз таги халтаҳо мебуранд, то ки решаҳои паҳлӯгӣ авҷ гиранд. Дар натиҷа дар халтачаҳо ниҳолҳои патакрешадоштаи пистаро ба даст меоранд. Вақти шинонидани ин гуна кӯчатҳо халтачаҳоро оҳиста бурида, ниҳолҳоро бо ҳамроҳи хокаш ҷудо намуда, ба ҷои доимӣ мешинонанд.
Барои бунёд намудани пистазор аввал ҷои кишт интихоб ва тайёр карда мешавад. Заминҳои ҳамвори яклухти наздикӯҳӣ нишебии кунҷаш аз 10 дараҷа пасттар барои пистазор беҳтарин ба ҳисоб меравад. Замини интихобшударо ба чуқурии аз 25-30см зиёд мекобанд. Агар нишебии замин аз 10 дараҷа зиёд бошад, дар ин гуна теппаҳо терассаҳои (сурфаҳо) зина ба зина кӯндаланг тайёр менамоянд. Одатан паҳнои терассаҳо 3-5м ва байни ҳар қатори зинаҳо 5-7м мешавад. Пеш аз шудгор ба ҳар як гектари замин беш аз 40 тонн поруи органикӣ дохил кардан зарур аст.
Пас аз интихоби замин тухмӣ тайёр карда мешавад. Барои кишт тухмӣ бояд аз дарахтҳои махсуси модарии пешакӣ санҷидашудаи худрӯй, донаҳои пистааш калонҳаҷми хушсифати бенуқсон ҷамъоварӣ карда шавад. Тухмиро як моҳ пеш аз кишт, охири моҳи феврал бояд стратификатсия намоем, яъне бо қуми тозаи дарё омехта намуда, нам нигоҳ дорем, бо таносуби як ҳаҷм тухмӣ се ҳаҷм қум. Баробари нав неш задани тухмӣ, ҳатман ба замини нарм кардашуда, яъне ба ҷои доимии боғи писта, аз рӯи нақшаи 6х8м ва ё 8х8м ба чуқурии 6-7см мекорем. Ба ҳар як чуқурӣ 5-6 дона тухмӣ гузоштан лозим аст. Меъёри сарфаи тухмӣ аз ҳисоби 4 кг/га мебошад. Пас аз коридан ба рӯи чуқуриҳо 8-10см омехтаи компосту аррамайда (опилка) пошидан лозим аст.
Дар оянда ниҳолҳои сабзида баромадаро бояд ягона карда, аз алафҳои бегона доим тоза ва нарм нигоҳ доштан лозим аст. Аз соли дуюм моҳи июн вақте ки диаметри гарданаки решаи ниҳолҳои аз тухм сабзидабаромада 0,7см мешавад, муғчапайванд менамоем.
Навъҳои беҳтарини пистаҳое, ки дар шароити вилояти Хатлон ноҳиябанд карда шудаанд инҳоанд: Орзу, Зорка, Дангаринка, Албина, Горная жемчужина.

Нозукиҳои нигоҳдории ҳосили писта
Пистаро пас аз ҷамъоварӣ бо се усул нигоҳ медоранд:
• Дар ҳавои кушод.
• Дар дохили яхдони оддӣ.
• Дар сардхона (морозилъная камера).
Пистаро дар шароити ҳарорати хона 18-20 оС, дар ҷои торик ё дар яхдони ҳарораташ + 4-5оС ё ин ки дар сардхонаҳо дар ҳарорати аз 0 оС пасттар (хунуктар) нигоҳ доштан тавсия дода мешавад. Писта дар ҳарорати то +10 оС дар давоми як сол сифаташро гум нокарда нигоҳдорӣ мешавад. Пистаи шӯрак, яъне бо намак коркард кардашуда дер нигоҳ дошта намешавад.

Барои харидории пистаи сифаташ хуб ин қадамҳо тавсия дода мешавад:

  • Пеш аз харид кардан якчад пистаро бо даст гирифта бинед, ки пӯстлохи онҳо доғи сиёҳ ё шикоф дошта набошад. Писта бояд силиқ бошад. Нӯги онҳо кушод ва мағзҳояш намоён бошад, ки ин аломати пухта расидагии писта мебошад.
  • Агар ранги мағзи писта сабзи тира ё ҷигарранг бошад, мӯҳлати нигоҳдории писта гузаштааст ва сифаташ вайрон шуда истодааст.
  • Мағзи пистаро гирифта бинед, ки мабодо аз ҳашароту кирминаҳо ва ё куя зарар дида набошад.
  • Андозаи дарозии донакҳои писта аз 1см бояд кӯтоҳ набошанд.
  • Мағзи пистаи соли ҷорӣ ҷамъкардашуда бӯи хуби дилкаш дорад. Аз мағзи пистаи кӯҳна бӯи талх, мисоли равғани вайроншудаистода меояд.

Давомнокии мӯҳлати нигоҳдории писта инчунин вобаста аз он аст, ки мағз аз пӯстлохаш ҷудо карда шудааст ё не. Пистаи аз пӯстлох ҷудо нокарда муддати дароз сифаташро гум намекунад.

Мағзи пистаи пӯстлохдор дар ҳарорати хона (18-20 оС) дар давоми 6-моҳ сифаташро нағз нигоҳ медорад. Дар яхдони одии ҳарораташ +4-5 оС то 9-моҳ ва дар сардхонаи ҳарораташ аз 0 оС хунуктар то 12 моҳ нигоҳ доштан мумкин аст.

Мағзи пистаи бепӯстлох дар давоми 3-моҳ дар яхдони ҳарораташ  +4-5 оС нагз нигоҳ дошта мешавад. Дар сардхонаи ҳарораташ аз 0 оС пасттар- то 6 моҳ. Агар дар сардхонаи ҳарораташ доим18 оС хунук буда пистаро дар зарфҳои ҳавоногузар чой кунем (вакуум), то 4-сол сифаташ вайрон намешавад.

Барои мӯҳлати дароз нигоҳ доштани писта якчанд шартҳои муҳимро риоя кунед:

Писта ҳаргуна бӯйҳои бегонаро ба худ ҷалб менамояд, аз ин сабаб онро дар зарфҳои ҳавоногузар (герметикӣ) ё шишагӣ ҷойгир кунед.

Писта аз гармӣ, намӣ ва рӯшноӣ нобуд мешавад. Ин хислатҳояшро ба эътибор гирифта,  онро дар ҷои торик, хушк ва салқин нигоҳ доред. Дар яхдон онро ҳатман дар халтаҳои полиэтиленӣ нигоҳ доред.

Акбар Мухамедов

Номзади илмҳои биологӣ

Агроном мушовир