Барои гирифтани ҳосили доимии қулфинай аз навъҳои ремонтантӣ (якчанд маротиба дар давраи нашв ҳосилдиҳанда) истифода намудан лозим аст. Навъҳои ремонтантӣ дар давраи нашв 3 – 4 маротиба ва аз он ҳам зиёд ҳосили меваи қулфинайро медиҳанд. Пӯшонидани болои киштзори қулфинай бо тӯрҳо имконият медиҳад, ки растанӣ ва ҳосили он аз ҳашаротҳои зараррасон ва парандаҳо ва инчунин аз нури баланди офтоб зарар набинад. Растании қулфинай ба ғизонокӣ ва намнокии хок бениҳоят серталаб аст. Дар мавриди истифодаи нуриҳои минералӣ ё ин ки микроэлементҳо ва зиёд будани ғизонокии хок ҳосили он бениҳоят зиёд мегардад. Аз ҳамин лиҳоз барои баланд намудани ғизонокии хок кӯшиш намудан лозим аст. Реҷаи обёриро мунтазам назорат намудан даркор.

Нарм будани хусусияти механикии хок низ яке аз самтҳои ба даст овардани ҳосили баланди қулфинай мебошад. Байни қаторҳоро мунтазам коркард намуда, нуриҳои азотиро ба воситаи реша (нурии азотӣ — мочевина) ва микроэлементҳоро ба воситаи барг (барои 1 га Агровитамин — 0,5 л -ро ба 300 л об омехта менамоянд) додан лозим аст.

Дар моҳи август имконияти аз бехҷастҳо тоза намудани қулфинай аст. Шумо метавонед дар моҳи август бехҷастҳои растании қулфинайро аз растании модарӣ тоза намуда дар ҷои алоҳида шинонед. Баъд аз шинонидан дуруст обёрӣ намудан лозим аст, то ки решаҳо дар хок хуб часпанд.

Барои осеб надидан ва ифлос нагардидани ҳосили ба дастовардашуда метавонед дар байни қаторҳо аррамайда ва ё коҳи майдаро резед, ки он ҳам барои нигоҳ доштани намнокии хок хизмат мекунад. Гузаронидани ин чорабиниҳо ва риояи мунтазами технологияи парвариш омили гирифтани ҳосили баланд мебошад.

Хурсандӣ Сафаралиев