Зардолу дар айёми ғизодиҳии баъд аз ғуничини ҳосил мебошад. Дар моҳи август дар минтақаҳои кӯҳӣ нигоҳубин, обёрӣ ва тайёрӣ барои чиниши ҳосили зардолу мебошад. Аз ҷумла, дар охирҳои моҳи июл баъди ғунучини ҳосил ба дарахтон ғизодиҳӣ аз реша ва ҳам аз барг барои гирифтани ҳосили дилхоҳи соли оянда тавсия дода мешавад. Ин барои боқувват кардани дарахтҳо, баланд бардоштани устувории онҳо ба хунукиҳо дар фасли зимистон ва дар оянда пайдо кардани шохҳои ҳосилдиҳанда муфид мебошад. Коркард бар зидди ҳашаротҳои маканда ва хоянда низ зарур мебошад.

Максут Отабеков