Нуриҳои сабз (сидератҳо) – зироатҳои кишоварзӣ буда, барои зери хок намудани массаи сабзи онҳо ба сифати нурии сабз парвариш карда мешаванд. Истифодабарии нуриҳоии сабз манбаи муҳими гумус ва нитроген дар хок мебошанд. Кишти зироатҳо ҳамчун нурии сабз хусусиятҳои агрокимиёвӣ, физикию кимиёвӣ ва физикии хокро беҳтар намуда, онро бо моддаҳои органикӣ бой мегардонанд.

Нурии сабз нақши муҳими фитосанитариро иҷро мекунад. Ҳангоми зери хок намудани массаи сабзи сидератҳо (35-40 т/га) ба хок 150-200 кг нитроген, ки он ба 30-40 тонна пору баробар аст, ворид мешавад. Ба шудгор тез об мондан ҷараёни вайроншавӣ ва самаранокии нуриҳои сабзро метезонад. Ба сифати нурии сабз зироатҳои мош, нахуди тирамоҳӣ, лӯбиё, шабдар, лупин ва дигар зироатҳои лубиёиро бештар истифода бурдан тавсия дода мешавад.

Зироатҳои ном­бурдаро тирамоҳ алоҳида ё бо зироати дигар омехта кишт мекунанд ва аввали баҳор пеш аз кишт шудгор мекунанд. Дар зироаткорӣ аз нуриҳои сабзи даравшаванда низ истифода меба­ранд. Барои ин нуриҳои сабзро дар майдони дигар сабзонида, баъд ба замини кишт мекашонанд.

Акмал Насруллоев