27 августи соли 2018, Душанбе Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар ҳамкории зич бо Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон курсҳои 10-рӯзаро барои рушди касбӣ ба ветеринарҳои коромӯз дар тамоми кишвар дастрас мекунад.

Чорабинии мазкур аз маҷмӯи фаъолиятҳои лоиҳаи ФАО ба шумор рафта, барои дастгирӣ намудани Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати такмили таҳияи сиёсат равона карда шуда, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад .

Барнома донишу маҳорати мутахассисони коромӯзро дар соҳаи касбии худ васеъ гардонда, ба онҳо малакаву воситаҳои заруриро барои пешгирӣ ва ошкор намудан, зуд ва самаранок эътино гардондан ба бемориҳои ҳайвонот дастрас мегардонад. Бинобар ҳамин сабаб, курсҳо барои такмил додани ҳунару малакаи мутахассисони оянда дар соҳаи байторӣ дар Тоҷикистон нақши хеле муҳимро мебозанд.

“Беҳтар намудани сифати таълимоти ветеринарӣ бо мақсади эътирофи арзиши хизматрасониҳои ветеринарӣ аз ҷониби ҷомеа хеле муҳим мебошад,” таъкид намуд Кашкулоев Маҳмадназар, роҳбари Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон. “Мардум ба сифати хизматрасониҳои байторӣ барои таъмини беҳбудии ҳайвонот ва амнияти озуқаворӣ такя мекунанд.”

Аз моҳи август то октябр ҳамагӣ барои 50 нафар мутахассисони ҷавон чор курси омӯзишӣ амалӣ карда мешавад. Курсҳои омӯзишӣ аз қисматҳои назариявӣ ва амалӣ иборат мебошанд, ки дар клиникаҳо ва фермаҳо гузаронида мешаванд .

“Барои оилаҳои тоҷик, махсусан дар деҳот чорвои хонагӣ хеле арзишманд мебошад. Бинобар ҳамин, ҳамзамон интизориҳои ҷомеа хеле баланд ва гуногун мебошанд,” гуфт Қарабоев Ҷамшедбек, ветеринар аз ноҳияи Шаҳритуз. “Бо имконияти иштирок намудан дар омӯзиши мазкур ман соҳиби донишу малакаи нав мегардам, ки сифати хизматрасонии маро дар ин соҳа беҳтар мекунад.”

Пас аз ба анҷом расидани курсҳои омӯзишӣ ба мутахассисони боихтисос маҷмӯи лавозимотҳои аввалиндараҷа, ки иборат аз либоси махсус ва асбобҳои ветеринарӣ аст, барои хизмат расонидан ба аҳолии деҳоти Тоҷикистон дастрас карда мешаванд.

Барои маълумоти бештар:

БУНАФША АЗИМОВА
Ёвар оид бо кор бо ВАО
ФАО Тоҷикистон
Тел: +992 93 577 33 73