Барои гандум дар моҳи сентябр корҳои зерин иҷро карда мешаванд: тайёр кардани замин барои кишти такрории гандум (обёрӣ, даровардани ғизоҳои минералӣ (аммофос 200кг, карбамид 50кг) ва 15-20 тн. нуриҳои органикӣ. Даровардани ҳамаи ин нуриҳо пеш аз ҷуфткунӣ тавсия дода мешавад. Баъдан ҷуфткунӣ. Ҷуфткунии замин бояд дар чуқурии 25-30см гузаронида шавад.

Интихоби тухмиҳои босифат барои ҳосилнокии баланд ва тайёр намудани он барои кишт, тоза кардани тухмиҳо аз алафҳои бегона, бо доруҳои Максим ХL (барои 1000 кг гандуми тухмӣ 1 л ба 10 л об омехта), Витавакс 200ФФ, 34% в.с.к (барои 1000 кг гандуми тухмӣ 1,5-2,0 л ба 10л об омехта), ДИВИДЕНТ ЭКСТРИМ 115 т.к.с (барои 1000 кг гандуми тухмӣ 0,4кг ба 10 л об омехта) тухмиҳо заҳролуд карда мешаванд.

Мӯҳлати кишт ба иқлими минтақаҳо вобаста аст. Масалан, саршавии кишти гандуми тирамоҳӣ барои вилояти Суғд аз 10 сентябр то 20 октябр муайян карда шудааст. Меъёри кишти тухмӣ аз 180 то 250 кг барои як гектар тавсия дода мешавад. Баъд аз кишти гандум обёрии замин бо меъёр гузаронида мешавад.

Махсут Отабеков