Мубориза бо деградатсияи захираҳои замин ва об, беҳтар кардани сифат ва ҳосилнокии онҳо мушкилиҳои асосии кишоварзӣ барои рушд мебошанд. Мушкилоти таназзули захираҳои табиӣ, хусусан хок ва об, дар бисёр қисмҳои ҷаҳон як мушкилоти деринаест.

Аммо ин мушкилот хусусан дар минтақаҳои хушки Осиёи Марказӣ, ки норасогии об дар якҷоягӣ бо шӯршавии баланд, эрозияи замин ва биёбоншавӣ бисёр ба чашм мерасад, монеаи ҷиддӣ дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Ҳамин тавр, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷорӣ кардани чорабиниҳои маҷмӯӣ ва истифодаи васеи технологияҳои сарфаҷӯи захираҳо барои истифодаи устувори агро-экосистемаҳои осебпазир муҳим мебошанд.

Яке аз роҳҳои умедбахш – ин диверсификатсия мебошад, яъне истифодаи зироатҳои алтернативии ба шӯрӣ ва камобӣ мутобиқгашта дар заминҳои шӯр.

Диверсификатсия стратегияи иваз ё гардиши зироатҳои анъанавии кишоварзӣ (пахта, гандум, ҷуворимакка ва биринҷ) мебошад, ки дар заминҳои шӯрнокиашон баланд парвариш кардан душвор ё ғайриимкон аст. Яъне, агар замини киштшаванда шӯрнокии баланд дошта бошад, метавонем аз зироатҳое, ки ба ин намуд хок ва иқлим тобоваранд кишт намоем, масалан: зироатҳои ҷаварӣ ва арзан.

Боз як мисоли дигар, барои як метри мукааби оби истеъмол карда шуда, картошка аз гандум ва ҷуворимакка ду маротиба зиёдтар сафеда, инчунин ду маротиба аз гандум ва чор маротиба аз биринҷ зиёдтар калтсий истеҳсол мекунад.

Ҳамин тариқ, афзоиши ҳиссаи картошка дар ғизои сокинони мамлакат на танҳо ба ғизои солим мусоидат мекунад, балки истифодаи аз ҳад зиёди захираҳои обиро коҳиш медиҳад.

Анвар Насруллоев