Имрӯз кишоварзон, ки қишри бузургтарин ва заҳматкаштарини ҷомеа ҳастанд, аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазиртарин гурӯҳ ба шумор мераванд. Онҳо анқариб аз ҳама имтиёзҳои иҷтимоие, ки аз он дигар қишрҳои ҷомеа- кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, саноат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроия, мақомоту хадамоти назоратӣ ва ғайра бархурдоранд, бебаҳра мебошанд. Махсусан деҳқонмодари тоҷик вақти таваллуди фарзанд аз ҳама гуна имтиёзҳо бебаҳра мондааст.
Кишоварзонро раззоқу ризқрасон мегӯянд. Онҳо ҳастанд, ки дастурхони мардум фаровон аз нозу неъматҳои табииянд. Деҳқонзани имрӯза аз тулӯъ то фурӯ рафтани офтоб ва аз шомгаҳон то субҳидам аз пайи кор аст. Дар аксари мавридҳо ғизояш як пиёла чой ва як бурда нон аст. Болишташ гоҳе сангпораву бистараш ҷомаи фарсудааш аст. Вале вай наменолад. Шиква намекунад. Ором аст. Ба ҳама чиз қонеу ризоманд аст.
Кишоварзи тоҷик новобаста аз он ки мард аст ё зан, ба ҳангоми беморию маҷрӯҳӣ наметавонад бо расмият даровардани санади корношоямӣ аз мақоме, ҷое, корфармое кӯмакпулӣ бигирад.
Дар як мактуби расмие, ки аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Раиси кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилояти Суғд, муҳтарам Абдулатиф Устобоев ворид шудааст, зикр мегардад, ки «… Дар робита бо таъину пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, қайд кардан лозим аст, ки дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №117 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои таъин ва пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба соҳибкорони инфиродӣ» ин категорияи шахсони суғурташуда пешбинӣ нагардидааст».
Муҳтарам Абдулатиф Устобоев дар як номааш, ки моҳи майи соли 2019 ба унвони Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон навишта, таъкид доштааст: «Дар айни замон аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ Шаҳодатнома доранд, саҳми суғуртаи иҷтимоиро пардохт менамоянд. Ба 325 330 нафар саҳмдорон, 130 132 нафар занон ва 45 546 нафар занону духтарони то 35-сола, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кор мекунанд, имтиёзҳо аз рӯйи варақаи корношоямӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, ҳангоми таваллуди кӯдак, барои нигоҳубини кӯдак то синни 1,5 (якуним) солагӣ пардохт карда намешаванд. Ҳангоми ба синни нафақа расидан, нафақа низ таъин карда намешавад. Аз ин лиҳоз, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои ҳалли масъалаи мазкур мусоидат намоед».
Ҳамон тавре аз суҳбат бо муҳтарам Абдулатиф Устобоев маълум гардид, масъалаи дар боло матраҳгардида, то кунун ҳалли хешро наёфтааст.
Саодат Аминҷонова раиси хоҷагии деҳқонии «Саодат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, аз 60 соли умраш 42 солашро сарфи корҳои саҳроӣ карда, аз деҳқони қаторӣ то ба саркорӣ расидааст. Алҳол нафақаи ӯ 227 сомониро ташкил медиҳад. Вай иброз медорад, ки дар давраи шӯравӣ ба деҳқонон ҳангоми беморӣ дар асоси варақаи корношоямӣ кӯмакпулӣ дода мешуд. Ба занҳо ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва баъди таваллуд то ба якунимсола шудани кӯдакашон кӯмакпулӣ медоданд. Дар саҳро кӯдакистони мавсимӣ амал мекард, ки ҳама хидматрасонияш, аз ҷумла хӯроки кӯдакон ройгон буд. Ҳамасола агар хоҷагӣ нақшаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро иҷро намояд, пас аз ҳисобу китоби солона, маблағҳои сарфашударо ба ҳар як узви хоҷагӣ тақсим карда медоданд. «Кӯмакпулиро пеш аз ҳама онҳое мегирифтанд, ки агар меъёри муқарраргардидаи рӯзи кориро иҷро карда бошанд. Барои занҳо ҳадди ақали рӯзи корӣ 180 рӯз ва барои мардҳо 200 рӯз муқаррар шуда буд» — мегӯяд апаи Саодат.
Бояд таъкид кард, ки дар давраи шӯравӣ низ табақаи кишоварзон нисбат ба дигар қишрҳои аҳолӣ зиндагии миёнаву хоксорона доштанд. Аз рухсатии солонаи пулакӣ, ки намояндагони дигар соҳаҳо бархурдор буданд, кишоварзон маҳрум буданд. Чунончи кӯҳкорон, нақбканҳо, кормандони соҳаи кимиё, оҳангарон ва ғайра барои кори барои саломатӣ зарарнокашон имтиёзҳо доштанд, ба маошашон зариби (коээффисиенти) иловагӣ зам мешуд. Деҳқон, маъмулан, дар зери гармои 50-60 дараҷагӣ ба замин каланд мезаду ягонаю хишова менамуд, дар замини пахтазор зери доруи барои дефолиатсия (хушккунии барги ниҳолони пахта) пошидашуда пахта мечид, аз оби шӯри дорудор менӯшид, вале дар маошашу нафақааш зарибе (коээфисиенте) зам намегардид. Зеро дар аксари маврид деҳқон маҷбур буд, ки ба ҳамааш тоб оварад ва роҳи дигар вуҷуд надошт. Аз байни деҳқонони оддӣ кам нафароне буданд, ки бо роҳхатҳои ройгон ба осоишгоҳу дармонгоҳҳо рафта, саломатии хешро барқарор кунанд. Дар ҳар сурат, ҳама гуна хидмати тиббӣ, аз қабили ёрии аввалияи тиббӣ, таҳлилҳои лабораторӣ, доруҳо, муолиҷа дар тамоми муассисаҳои тиббӣ барояшон ройгон буд ва деҳқон метавонист саломатии аз даст рафтаашро бидуни хароҷот то андозае барқарор намояд. Ҳоло чунин имтиёзҳо мавҷуд нестанд. Аз ин ҷост, ки насли нави ҷавонон, чӣ писарон ва чӣ духтарон чандон дилгармие бо кори кишоварзӣ надорад ва кӯшиш мекунад, ки дар ин ҷода қадам назанад ва то ҳадди имкон худро дур мегирад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки барои он ки насли нави кишоварзон бо дили гарму хотири ҷамъ ба фаъолият бипардозанд, бояд аз тарафи давлату ҳукумат дастгирӣ ва пуштибонии моддию маънавӣ ёбанд. Аз ҷумла, бонкҳои кишвар барояшон қарзҳои дарозмуддати бефоиз ва ё дарсадашон паст пешниҳод созад. То онҳо битавонанд бо ин маблағҳо заминҳои хешро ба боғзор табдил диҳанд, техникаи нави кишоварзӣ бихаранд, фанновариҳои навини кишоварзиро, аз қабили обёрии қатравӣ, боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои замонавию намунавӣ бунёд созанд. Тадбиру иқдомҳои зерин имкон медиҳанд, ки деҳқон аз замин ҳосили хуб ба даст оварда, сарватманд гардад ва аз табақаи миёнаҳолу осебпазир ба як қишри доро ва тавоно табдил ёбад. Дар он сурат ба ҳангоми беморию дармондагӣ, бознишастагӣ вай ниёзмандии шадиде ба дастгирии иҷтимоии мақомоти дахлдор нахоҳад дошт.
Коршиносон бар ин назаранд, ки қонуну қарорҳои марбут ба фаъолияти кишоварзон, аз ҷумла, Қонун «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» Қонун «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», Қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» бори дигар таҷдиди назар ва механизмҳои татбиқи амалии онҳо баррасӣ шаванд. Бошад, ки тавозун ва ҳамоҳангӣ дар ҳифзи иҷтимоии қишрҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла кишоварзон таъмин ва адолати иҷтимоӣ риоя гардад. Зеро дар моддаи 1-и Сарқонуни кишвар — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки «…Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Тилав РАСУЛЗОДА