Корҳои агротехникие, ки дар ин моҳ бояд иҷро карда шавад каландкунӣ, ғизодиҳии асосӣ ва аз барг, обёрӣ, нармкунии байни қаторҳо, рост кардани полокҳо, нест кардани алафҳои бегона, нармкунии пуштаҳо мебошанд. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд. Ғизодиҳӣ аз барг ва аз реша бо Агровитамин – (аз барг барои 1 га 0,5 л-ро бо 300 л об ва аз реша 2-5л/га маҳлул бо якҷоягӣ дар вақти обёрӣ додан мумкин) ва ё Изобион (барои 1 га 1,0 л-ро бо 300 л об омехта) коркард кардан ва ё 2-3 л-ро 3 маротиба бо фосилаи 10 рӯз якҷоя бо обёрӣ гузаронида мешавад.
Барои мубориза бар зидди ҳар хел ҳашаротҳо олтингӯгирди хокаро (аз 15-30кг барои 1 га) ба тарзи чанголудкунӣ истифода бояд бурд. Барои муҳофизат аз фузариоз риоя намудани киштгардон, истифода бурдани ғизои калийдор, ғизодиҳӣ аз барги растанӣ (ғизоҳои фосфордор), аз гардзанӣ (мучнистая роса) коркард бо фунгитсиди Топаз (1 га 150-200 мл-ро бо 300 л об), пӯсиши реша (корневая гнил) коркард бо Курзат Р дар вақти пайдошавии касалӣ (барои 1 га 25 гр-ро бо 10 л об омехта), пошидан ва якбора ба реша рехтан тавсия дода мешавад. Барои касалии занг ва антракнози полезиҳо Тилт (барои 1 га 0,5л-ро бо 300 л об омехта) дар давраи пайдоиши якуми касалиҳо истифода бурдан тавсия дода мешавад. Меъёри обёрии полезиҳоро ниёз риоя кардан зарур аст.
Ҳангоми пайдоиши кирми харбуза, коркард бо заҳрдоруи Энжио 24,7% ( 3 мл-ро бо 10 л об омехта) ва ё Нурелл Д ( 5 мл-ро бо 10 л об) бо фосилаи ҳар 6-7 рӯз гузаронидан лозим аст. Вақти пайдоиши тортанакканаи оддӣ гузаронидани коркард бо Омайт 57% (барои 1 га 1-1,5 л-ро бо 300 л об), ё Вертимектин (барои 1 га 0,6л-ро бо 300-400 л об омехта) зарур аст.
Максут Отабеков