Моҳи август барои зироати картошкаи дерпазак гузаронидани корҳои агротехникӣ, яъне нармкунӣ, каландкунӣ, хоккашкунӣ, обёрӣ, мубориза бар зидди ҳашаротҳо ва касалиҳо мебошад. Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани нашъунамои картошка ғизодиҳӣ аз барг бояд гузаронида шаванд.
Ғизодиҳиро аз барг дар вақти калоншавии лӯндаҳо бо маҳлули Агровитамин (барои 1 га 0,5 л-ро бо 300 л об омехта) гузаронидан лозим аст. Ғизоҳои органикию минералии Изабион (барои 1 га 1 л-ро бо 300 л об омехта), маводҳои ширкати Кода аз 0,3 то 1,0л/га, ширкати Арашими (NPK+202020+TE, бустана-005018 аз 0,6-1,0кг), коркард аз барг ва реша 2-4 кг-ро барои 1 га ҳангоми обёрӣ додан тавсия дода мешавад. Ғизодиҳии асосӣ 2 маротиба гузаронида мешавад. Вобаста аз шароити иқлими маҳал ва афзоиши зироати картошка, гузаронидани коркард дар вақти бегоҳирӯзӣ ва салқинии ҳаво тавсия дода мешавад.
Мубориза бар зидди зараррасонҳои талафотовар, ки онҳо куяи картошка ва кирми тирамоҳӣ мебошад, бояд инсектисиди Супер Топ (барои 1 га 1,0 л-ро бо 300 л об омехта), Данадим Эксперт (барои 1 га 1,5-2 литр бо 300 литр об омехта) дар вақти нашъунамо 30 рӯз пеш аз ғунучини ҳосил коркард гузаронида шавад. Барои пешгирӣ ва табобати касалии фитофтора бо фунгисидҳои Ридомил голд (барои 1 га 2,5 кг-ро бо 300 л об омехта), фунгисиди Курзат (барои 1 га 2 кг-ро бо 300-400 л об омехта) дар вақти пайдошавии касалӣ коркард бояд карда шавад. Тавсия дода мешавад, ки баъд аз боридани борон ҳатман бо ин фунгисидҳо коркард гузаронида шавад.
Максут Отабеков