Аллакай мавсими пухтани ангур низ фаро расид. Аз навъҳои пешпаз сар карда то навъҳои дерпаз пухтарасии онҳо зина ба зина ба назар мерасад. Дар ин давра бояд бо эҳтиёт бошем, ки ҳосили парваришнамуда талаф наёбад. Гирду атрофи хӯшаҳои ангурро аз баргҳо тоза намуда, барои шамолрасӣ шароити хуб муҳайё намоед. Дар ин моҳ пайдошавии ҳашаротҳои зараровар ба монанди кирминаи ордакмонанди ангур, канаи намадини ангур ва тортанаккана дар назар аст. Дар мавриди пайдоиши онҳо гузаронидани коркарди кимиёвӣ бо заҳрдоруҳои Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) истифода намоед. Заҳрдоруро бегоҳӣ ё саҳар барвақт дар вақти салқинии рӯз пошидан зарур аст. Агар касалиҳои занбӯруғӣ дар токзор дида шавад, бар зидди онҳо пошидани фунгитсиди Фоликур (барои 1 га 0,3 л-ро бо 1000 л об омехта) зарур аст. Агар мӯҳлати пухтарасии ангур наздик бошад аз пошидани заҳрдоруҳо ва дигар маводҳои кимиёвӣ худдорӣ намоед.
Ба навъҳои дерпаз барои баланд гардидани сифати молии ангур пошидани Nutrivant Greap (барои 1 га 4 кг-ро бо 1000 л об омехта), ки махсусан барои ток тавсия гардидааст ба фоидаи кор аст. Риоя намудаи реҷаи обёрӣ яке аз масъалаҳои зарурӣ дар ин мавсим ба шумор меравад. Дар ҳолати нарасидани намнокии зарурии хок пӯсти ангур сахт, ғафс, дағал ва дурушт шуда, сифати молии худро гум менамояд. Аз ҳад зиёд намнок нигоҳ доштани дохили токзор боиси зиёд гардидани касалиҳои занбӯруғӣ ва касалиҳои решаи ток низ мегардад.
Истифодаи домҳои равшанидиҳанда ва феромонӣ дар дохили токзор бар зидди ҳашаротҳои зараровар тавсия дода мешавад.
Хурсандӣ Сафаралиев