Дар байни дарахтони мевадиҳанда шафтолу бештар аҳамияти ҷиддиро талаб менамояд. Дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани нигоҳубини дарахтони шафтолу ҳосилнокии дарахтон зиёд гардида, умри онҳо дароз мешавад.
Бисёр боғпарварон дарахти шафтолуро, яке аз дарахтони камумр мешуморанд. Лекин ин тавр нест. Сабаби асосии камумрии он таъсири касалиҳои занбӯруғӣ, бактериявӣ ва шилмбарорӣ мебошад. Бо риояи дурусти парвариш ва несту нобуд намудани касалиҳои номбаршуда мӯҳлати дароз ҳосили дилхоҳи шафтолуро гирифтан мумкин аст.
Бо баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва паст шудани намнокии хок касалиҳои занбӯруғӣ ва бактериявӣ низ дар дохили боғ камтар шудан мегиранд.
Дар ҳолати мавҷуд будани касалии шилмбарорӣ дар танаи дарахтон онҳоро бо корд тоза намуда, бо маҳлули 3% купороси мис ба воситаи шётка коркард намуда, баъд аз он бо рангҳои равғанӣ (масляные краски) ҷои захмро ранг кардан лозим аст.
Дар ин айём пайдоиши тортанаккана, кирми мева, ширинчаи хунин ва сабз бештар ба дарахтони шафтолу зарари ҷиддӣ мерасонанд. Аз ин лиҳоз бар зидди ин ҳашаротҳои зараррасон пошидани акаритсидҳои Актеллек (барои 1 га 2 л-ро ба 1000 л об омехта) ва ё Данадим Эксперт (барои 1 га 1,5-2,0 л-ро ба 1000 л об омехта) тавсия дода мешавад.
Коркарди байни қаторҳо ва танзими реҷаи обёрӣ зарур аст.
Дарахти шафтолу буриши сабзи тобистонаро ниҳоят дӯст медорад. Дар ҳолати анбӯҳ будани шоху навдаҳои дарахтони шафтолу Шумо метавонед навдаҳои болои ҳам хобидаро пурра аз бех бурида партоед. Ё ин ки навдаҳои бо суръатсабзандаро нӯгкан намоед. Яқ қатор навдаҳои сабзидаро метавонед аз қисми мобайнӣ ё 3 ва 4 барг монда бурида кӯтоҳ намоед. Ин чорабинӣ сабаби ташаккулёбии муғчаҳои ҳосилдиҳанда мегардад. Баъд аз гузаронидани буриши сабз истифодаи ғизои ғайрирешагӣ ба воситаи барг Nutrivant fruit (барои 1 га 4 кг-ро бо 1000 л об омехта ) ба манфиати кор аст.
Хурсандӣ Сафаралиев