Бисёр навъҳои маҳаллие ҳастанд, ки дар шароити водии Ҳисор аввали моҳи июн пухта мерасанд. Ин гуна навъҳо ба гурӯҳи навъҳои бениҳоят пешпаз дохил мешаванд. Баъд аз он навъҳои пешпаз, миёнапаз, миёна-дерпаз ва дерпаз бо навбат пухта мерасанд. Новобаста аз пухтарасии меваи себ бояд нигоҳубини дарахтон дуруст ба роҳ монда шавад, ки барои соли оянда замина шавад.
Аввали моҳи июл мӯҳлати гузаронидани буриши сабзи дарахтон шурӯъ мегардад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ин чорабиниро нимаи моҳи июл гузаронидан ба маврид аст. Навдаҳои болои ҳам сабзидаро метавонед дар ин давра қисман бурида партофта, дохили шохсорро васеъ намоед, ки ба расиши нурҳои офтоб мусоидат намояд. Як қатор навдаҳои сабзидаро метавонед аз қисми мобайнӣ ё 3 ва 4 барг монда бурида кӯтоҳ намоед. Мақсади гузаронидани буриши сабз ин сарф гардидани моддаҳои ғизоӣ барои ташаккулёбии муғчаҳои ҳосилдиҳанда ба шумор меравад ва замина барои гирифтани ҳосили соли оянда мешавад. Дарахтоне, ки дар онҳо буриши сабз гузаронида нашудааст, бештар ба сабзидани навдаҳои нашвӣ, яъне баргдиҳанда оварда мерасонад. Ин ҳолат боиси сабзиши зиёди навдаҳо дар дарахтони мевадиҳанда гардида, ҳосилнокии онҳо паст мекунад.
Барои рушди меваҳо ғизодиҳӣ ва обёрӣ дар ин давра бениҳоят зарур аст. Барои навъҳои миёна ва дерпаз метавонед ғизодиҳии ғайрирешагиро бо истифода аз Nutrivant fruit (барои 1 га 4 кг-ро бо 1000 л об омехта ) истифода намоед. Хуб мешавад, ки ин ғизодиҳиро баъд аз гузаронидани буриши сабз анҷом диҳед.
Дар ин моҳ бисёр ҳашаротҳои зараррасон дар дохили боғ пайдо мешаванд. Истифодаи домҳои феремонӣ ва ҳашаротҳои фоидаовар ба монанди Трихограмма, Габрабракон ва Тиллочашмак бисёр самарабахш аст. Дар мавриди пайдоиши ҳашаротҳои зараррасон ба мисоли сипарболак, ширинчаҳо, мевахураки себ ва тортанаккана инсектитсид акаритсидҳои Актеллек (барои 1 га 2 л-ро ба 1000 л об омехта) ва ё Данадим Эксперт (барои 1 га 1,5-2,0 л-ро ба 1000 л об омехта) истифода намоед.
Реҷаи обёрӣ бояд мӯътадил ба роҳ монда шавад.
Хурсандӣ Сафаралиев