Тоҷикистон чун узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ҳадаф дорад чунон маҳсулоти сифаташ б аланде парвариш ва истеҳсол кунад, ки ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бошад. Яке аз чунин меъёрҳо кам истифода бурдани заҳрхимикатҳо ҳангоми парвариши зироат мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки аксари заминҳои обии кишвари мо бинобар дар даврони Шӯравӣ аз меъёр зиёд истифода шудани заҳрхимикатҳо бемору шӯрзада ҳастанд. Барои он ки деҳқон аз замин ҳосили бештар ба даст орад, маҷбур аст, аз маводҳои кимиёвии заҳрогин истифода барад.
Амир Шарифов – деҳқони ботаҷрибаи ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Фирдавсии ноҳияи Масчоҳ чанд сол аст, ки ба парвариши пахта ва чормағзи зери заминӣ машғул аст. Вай мегӯяд, ки замини чормағзаш ончунон камқувват шудаааст, ки қади растанӣ аз як ваҷаб боло намешавад. Маҷбур аст, ки аз заҳрхимикатҳои истеҳсоли хориҷӣ истифода барад. Вале бо ин ҳама истифодаи гаронтарин доруҳои хориҷӣ, ҳосилаш намеафзояд. Тортанаккана ва дигар ҳашароти зараррасон пушти баргу тана хона карда, ғизоро аз онҷо гирифта, баъдан комилан монеаи нашъунамои растанӣ мегарданд.
“Намедонам, ки додамро ба кӣ гӯям?,- иброз медорад Амир Шарифов. – Зеро вақти фурӯши доруҳо фурӯшандаҳо дар бораи сифатнокӣ ва таъсирнокии он ваъдаи зиёд медиҳанд. Вақте ба назди онҳо рафта, даъвои баргардонидани маблағҳоямонро талаб мекунем, мегӯянд: “Шумо тарзу қоидаҳои дурусти тайёр кардан ва истифодаи онро дуруст риоя накардаед”.
*** *** ***
“Оё шикояти деҳқонон асосе дорад? Агар «дорад», пас сабаби он чист?”- бо ин савол хабарнигор ба устоди донишкадаи политехники Донишгоҳи техники Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои кишоварзӣ Тоҷибой Бойматов муроҷиат кард, ки мӯҳтавои ҷавоби он касро дар поён овардаем:
Онҳо заҳрдоруро нодуруст интихоб мекунанд. Масалан: фунгитсид бар зидди бемории растаниҳо зарур буда, инсектитсид бар зидди ҳашаротҳост. Зироатро саривақт коркард намекунанд. Меъёри истифодаро риоя намекунанд. Зараррасонҳо ба заҳрхимикатҳо одат карда, иммунитет пайдо мекунанд. Сифати доруҳо низ паст мебошад. Заҳрдору бояд ба растаниҳо баробар тақсим гардида, коркард бо он субҳ ё бегоҳӣ гузаронида шавад. Ин тартиби коркард имкон медиҳад, то заҳрдоруҳои пошидашуда аз танаи растаниҳо тез бухор нашавад. Ҳангоми интихоби заҳрдоруҳо эҳтиёткор бояд буд. Онҳоро аз мағозаҳои махсус ва ё шахсоне, ки бевосита ба фурӯши воситаҳои ҳифзи растанӣ машғуланду метавонанд ба Шумо дар бораи ин моддаҳо маълумоти кофӣ диҳанд, харидорӣ бояд кард. Аз шахсони тасодуфӣ заҳрдору харидан мумкин нест. Кӯшиш бояд кард, то мӯҳлати истифодаи заҳрдоруи харидорӣ кардашуда нагузашта бошад. Билохира, агар деҳқон ба сифати заҳрдору шубҳа дошта бошад, метавонад дар қитъаҳои на он қадар калон коркарди санҷишӣ гузаронад. Масалан: агар ба деҳқон лозим шавад, ки гамбуски колорадоиро нобуд намояд, бояд бидонад, ки он се насли инкишоф дорад. Бар зидди ҳар як насли вай заҳрдоруро аз гурӯҳҳои гуногун иваз карда истифода бурдан лозим аст. Бисёр фермерҳо вақте нархи доруро мешунаванд, ғамгин мешаванд ва гумон мекунанд, ки бо ин гаронии нарх наметавонанд чораҳои зиддиҳашаротӣ гузаронанд. Дар бисёр мавридҳо фермерҳо ба нархи 1 қуттӣ, 1 литр ва ё 1 килограмм нигоҳ мекунанд. Вале арзиши заҳрдоруро бо назардошти меъёри масрафро барои коркарди як гектар ҳисоб намекунанд. Масалан: касе мехоҳад то зироати картошкаро бар зидди гамбусаки колорадоӣ коркард намояд. Дар фурӯш инсектитсид Моспилан ҳаст, ки меъёри сарфаш 0,025 кг/га аст. Нархи заҳрдору 300 сомонй барои 1кг мебошад. Барои коркарди майдони 1га харидани 0,025 кг Моспилан кофист. 0,025 кг/ га х 300 сом/кг = 7,5 сомонй/г. Аз ин маълум мегардад, ки нархи заҳрдоруи Моспилан барои коркарди яккаратаи як гектар кишти картошка бар зидди гамбусаки колорадоӣ барои фермер ҳамагй ба 7,5 сомонй баробар мешавад. Яъне 1кг заҳрдоруи Моспилан барои коркарди яккаратаи 40 га майдони картошка мерасад”.
*** *** ***
Вале ҳашароти зараррасон на танҳо ба чормағзи зеризаминӣ, балки ба ҳама зироатҳои полезӣ, аз ҷумла помидору бодиринг таъсири манфии худро мерасонад. Аз ин рӯ, барои сарфа кардани маблағ кишоварз бояд роҳҳои дигари мубориза бо ҳашаротро бидонад ва аз ин истифода барад.
Ҳамон тавре олими муҳтарам Т.Бойматов иброз дошт, шаш навъи мубориза вуҷуд дорад.
Агротехникӣ. Баъди хатми мавсим деҳқон бояд шудгори тирамоҳӣ гузаронида, ниҳолҳои беморро аз майдон берун барорад. Ба ниҳол ғизои иловагӣ, аз ҷумла нуриҳои маъдании фосфорӣ дода, заминро аз алаф тоза кунад. Бояд ниҳолҳои ба ҳашарот то андозае тобоварро парвариш кунад.
Биологӣ. Бояд аз душманони табиии ҳашарот, чун паррандаҳо, ё ҳашароти фоидарасон мисоли Трихограмма, Габрабракон, Тиллочашмак, ҳайвонҳои хорпуштак, қашқалдоқ, кӯршапарак, муши саҳроӣ, сӯзанак, гамбӯски ҳафтхола, афелинус, доруҳои бактериявӣ (эндобактирин, боварин) истифода кунад.
Кимиёвӣ. Истифодаи пеститсидҳо, инсектитсидҳо, немотоидҳо, химостерилҳо. Таври мисол, барои як гектар замини помидор то пухтани он на кам аз 300 то 400 литр маҳлули аз заҳрхимикат тайёркардашуда лозим аст.
Механикӣ. Барои кам кардани ҳашаротҳои зараррасон шабона зарур аст лампаҳоро фурӯзон кард, то шапаракҳо ҷамъ ва сипас чида шаванд. Бояд маводҳои махсус истифода шуда, меваҳои аз ҳашаротҳо осебдида, барчида шаванд.
Физикавӣ. Барои кам кардани насли ҳашарот аз стерилизатсияи шуъоӣ, домҳои феромонӣ бояд истифода бурд.
Усули карантини растанӣ. Бояд пеши роҳи воридшавии ҳашаротҳои карантинӣ, аз ҷумла, флоксера, ширинчаи хунин, гамбуски колорадӣ гирифта шавад.
Вале деҳқон дар бисёр мавридҳо бинобар маҳдудияти маблағ ва тавони молӣ наметавонад аз шаш роҳу усули зикргардида истифода барад. Аз ин рӯ, олимон барои мубориза бо ҳашароти зараррасон ба деҳқонон тайёр кардани маҳлулҳоро аз алафҳои бегона тавсия медиҳанд, ки ин растаниву алафҳо ба ҳамагон дастрасанд.
Яке аз онҳо помидор аст. 3500-4000 грамм барг, поя, решаи помидорро ба 10 литр оби дар зарфи сирдор андохта, муддати 30 дақиқа дар оташи паст меҷӯшонанд. Маҳлули тайёршударо дар зарфе 3-4 соат хунук мекунанд. Баъдан маҳлулро аз баргу поя тоза намуда, ба он 40 грам собун ҳамроҳ карда, онро бар зидди ширача ва тортанакканаҳо истифода мебаранд.
Дуввум, пасмондаи пиёз. 200 грам пасмондаи пиёзро ба 10 литр оби гарм андохта, як шабонарӯз нигоҳ медоранд. Баъдан маҳлулро аз пасмондаҳо тоза карда, онро бар зидди ҳашароти зараррасони помидор истифода мебаранд. Пас аз 2-3 бор истифода кардан ин маҳлул натиҷаи хуб медиҳад.
Саввум, каҳзак (хрен). Решаи каҳзакро бар зидди бемориҳо истифода мебаранд. Даҳ кг помидорро чида, барои напӯсидани он ба болояш 200-300 грам решаи каҳзакро мегузоранд ва он помидорро аз бемориҳо эмин нигоҳ медорад.
Чаҳорум, хокистар. Онро барои гурезонидани ҳашароти зараррасони помидор, карам, турб, шалғам истифода мебаранд. Барои 1 сотиқ замин то 2 кг хокистарро истифода бурдан мумкин аст.
Панҷум, алафи бӯйнок (дурман). Тана, шохчаҳо, гул ва барги алафи мазкур заҳрнок мебошад. Барои тайёр кардани маҳлул тана, барг, гулашро хушк карда, сипас майда мекунанд. 35-40 грам хокаи тайёршударо ба 10 литр об илова намуда, барои як шабонарӯз мемонанд. Баъдан он маҳлулро аз баргу пояҳо тоза намуда, аз он истифода мебаранд.
Шашум, ангури сагаки ёбоӣ. Тана, барг, гул ва мевашро истифода мебаранд. Растаниро бо решааш канда, аз хок тоза карда, майда мекунанд. Ба 10 литр об 4-5 кг сагаки ёбоиро ҳамроҳ карда, 30 дақиқа дар оташи паст меҷӯшонанд. Пас аз он маҳлулро хунук карда, аз пасмондаи растанӣ тоза мекунанд. Ба маҳлул 40 грам собун ҳамроҳ карда, онро ба зидди ҳама гуна ҳашароти зараррасони сабзавот истифода мебаранд.
Бояд гуфт, ки маҳлулҳои аз гиёҳу алафҳо ва сабзавот омодакардашуда, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатар буда, ба таркиби хок, муҳити зист ва мавҷудоти зиндаи он таъсири манфӣ намерасонанд. Муҳим аз ҳама, ҳосиле, ки бо истифода аз инҳо парвариш ва ба даст оварда мешаванд, аз ҳама гуна заҳрҳо холӣ буда, ба саломатии инсон зарар намерасонанд.
Тилав Расулзода