Пухтани ангур вобаста аз хусусияти навъҳо зина ба зина ба назар мерасад. Дар ин давра бояд бо эҳтиёт бошем, ки ҳосили парваришнамуда талаф наёбад. Гирду атрофи хӯшаҳои ангурро аз баргҳо тоза намуда, барои шамолрасӣ шароити хуб муҳайё намоед.

Дар ин давра пайдошавии ҳашаротҳои зараровар ба монанди кирминаи ордакмонанди ангур, канаи намадини ангур ва тортанаккана дар назар аст. Дар мавриди пайдоиши онҳо гузаронидани коркарди кимиёвӣ бо заҳрдоруҳои Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) истифода намоед. Агар касалиҳои занбӯруғӣ дар токзор дида шавад, бар зидди онҳо пошидани фунгитсиди Фоликур (барои 1 га 0,3 л-ро бо 1000 л об омехта) зарур аст.

Агар мӯҳлати пухтарасии ангур вобаста аз хусусияти навъҳо наздик бошад аз пошидани заҳрдоруҳо ва дигар маводҳои кимиёвӣ худдорӣ намоед. Як моҳ пеш аз ҷамъоварии ангур пошидани заҳрдоруҳо мумкин нест.

Риоя намудаи реҷаи обёрӣ яке аз масъалаҳои зарурӣ дар ин мавсим ба шумор меравад. Дар ҳолати нарасидани намнокии зарурии хок пӯсти ангур сахту дурушт гардида, сифати молии худро гум менамояд. Аз ҳад зиёд намнок нигоҳ доштани дохили токзор боиси зиёд гардидани касалиҳои занбӯруғӣ ва касалиҳои решаи ток низ мегардад.

Истифодаи домҳои равшанидиҳанда ва феромонӣ дар дохили токзор бар зидди ҳашаротҳои зараровар лозим шуморида мешавад.

Тарзи дурусти ҷамъоварии ангур низ ба сифати молии маҳсулот таъсир мерасонад. Агар ангур пурра пухта расида бошад, бо воситаи қайчӣ аз думчаи он бурида, оҳиста дар қуттиҳо гузоштан лозим аст. Дар байни ҳар як қабати ангур дар дохили қуттӣ қоғаз гузоред. Дар дохили қуттӣ то 4 қатор ангурро ҷой намудан мумкин аст.

Барои нигоҳдории дурударози ангур сардхонаҳо лозим аст. Чорабиниҳои мазкур дар моҳи сентябр барои токзор тавсия дода мешавад.

Хурсандӣ Сафаралиев