На ҳамаи деҳқонон истифодабарии поруи мурғро барои зироаткорӣ интихоб мекунанд. Биёед хусусиятҳои ин нурии органикиро дида бароем ва бифаҳмем, ки ташвишҳо дар бораи истифодаи он ба чӣ марбутанд.

Дар таркиби поруи мурғ азот (16 г), фосфор (15 г), калий (9 г) ва калсий (24 г) мавҷуд аст. Таркиби азотии поруи мурғ аз поруи чорво якчанд маротиба зиёдтар аст. Аз ин лиҳоз, аз тарафи мутахассисон тавсия дода мешавад, ки истифодабарии худи поруи мурғ қатъиян манъ аст.

Барои роҳ надодан ба сӯхтани решаҳои растанӣ, поруи мурғро барои тайёр кардани компост ва ё бо об якҷоя истифода бурдан мумкин аст.

Бартарии истифодабарии поруи мурғ дар зироаткории органикӣ:

  • Пухтарасиши ҳосили зироатро метезонад;
  • Ҳосилнокии зироатро баланд мебардорад;
  • Масунияти растаниро беҳтар мегардонад;
  • Заҳрнокӣ надорад;
  • Универсалӣ мебошад;
  • Таъсирнокии давомнок, дар давоми 3 сол баъди даровардан ба замин дорад;

Ҷиҳатҳои манфии поруи мурғ:

  • Истифодаи нодурусти он ба нобуд шудани растанӣ оварда мерасонад;
  • Зарурияти нигоҳдорӣ ва ё бо об ҳал намуда истифода бурданро дорад;
  • Аз меъёр зиёд даровардани поруи мурғ боиси корношоямии хок дар давоми сол мешавад;

Истифодабарии поруи мурғ баъди нигоҳдорӣ ва ё пӯсонидани он (компост) тавсия дода мешавад. Барои он ки консентратсияи азоти поруи мурғ баъди 2-3 моҳи нигоҳдорӣ паст шуда, дар натиҷа ин нурӣ барои истифодабарӣ бехатар мегардад.

Меъёри даровардани поруи чорво 40 т/га, меъёри поруи мурғ бошад 2 т/га дар як сол мебошад.

Акмал Насруллоев