Воситаҳо ва усулҳои биологӣ, ки дар барномаҳои МИР истифода бурдан мумкин аст, дар натиҷаи имкониятҳои худи табиат барои мубориза бо зараррасонҳо ба даст омадаанд. Барои истифодаи бисёри аз ин усулҳо риояи талаботҳо оиди меъёр, вақт ва роҳҳои истифода дар шароитҳои саҳроӣ лозим аст. Ин усулҳои мубориза истифодаи ҳашаротҳои фоиданок (душманони табиии зараррасонҳо), микроорганизмҳо (ба монанди вирусҳо, занбӯруғҳо ва бактерияҳо) ва феромонҳоро (барои ба дом андохта куштан ва ё халал расонидан ба зиёдшавии зараррасонҳо) дар бар мегиранд.
Истифодаи ҳашаротҳои фоиданок барои мубориза бо зараррасонҳо дар муҳити идорашаванда, масалан дар гармхонаҳо натиҷаи назаррас медиҳанд. Истифодаи феромонҳо бошад ба деҳқонон имкониятҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- Бо истифода аз домҳо ҳаракати зараррасонҳоро назорат намоянд ва ба наслдиҳӣ ва зиёдшавии онҳо дар давоми масвим халал расонанд.
- Зараррасонҳоро ба домҳои заҳролудшуда ҷалб намуда, нобуд месозанд ва заруриятро барои гузаронидани коркард бо заҳрдоруҳоро кам менамояд.
- Ба ҷуфтшавии зараррасонҳо халал расонанд, ки зиёдшавии онҳоро суст менамояд ва заруриятро барои гузаронидани коркард бо заҳрдоруҳоро кам менамояд.
Домҳои феромонӣ дар тамоми мавсим ва дар ҳама марҳилаҳои рушди растанӣ истифода бурда мешаванд. Барои ҳифзи захираҳо, онҳо тамоми сол истифода мешаванд.
Акмал Насруллоев