Корҳои агротехникие, ки дар моҳи август бояд иҷро карда шавад, тайёрӣ барои ғунучини ҳосили кишти барвақтӣ, давом додани корҳои кишти навбатӣ, яъне каландкунӣ, нармкунии байни қаторҳо, ғизодиҳӣ, обёрӣ, шинонидани тухмӣ барои кишти такрорӣ ба ҷои зироатҳои пешпазак, мубориза бар зидди ҳашаротҳо, алафҳои бегона ва касалиҳо мебошанд. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд.
Барои мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасони куяи ҷуворимакка (кукурузный мотелек) ду маротиба аз 10-то 15 см шудани растанӣ бо инсектитсиди Нурелл Д (барои 1 га 0,5 литр бо 300 литр об) бояд коркард кард. Ва дуюм маротиба вақти 45-50 см шудани растании ҷуворимакка бояд бо инсектитсиди Энжио (барои 1 га 250 мл ё Аваунт 0,450 л бо 300литр об омехта) бояд коркард кард.
Инчунин, саривақт ва босифат гузаронидани корҳои агротехникӣ касалиҳоро пешгирӣ менамояд. Ғизодиҳӣ аз барг ва реша бо Агровитамин – (барои 1 га 0,5 л бо 300 литр об) ва ё ғизоҳои ширкати «Кода» (барои 1 га 0,3-1,0л–ро бо 300 л об), 3 маротиба бо фосилаи 10 рӯз якҷоя бо обёрӣ гузаронида мешавад.
Дар ин вақт аллакай бисёр ҳашаротҳои зараррасон барои расонидани зарар рушд ёфта истодаанд. Дар киштзор истифодаи домҳои феромонӣ, Трихограмма, Габрабракон бисер самарабахш аст.
Максут Отабеков