Дар моҳи август корҳои агротехникии зерин дар замини кишти чормағзи заминӣ бояд иҷро карда шавад: обёрикунии киштзор баъди ҳар 15 рӯз, дар чуқурии 6-8 см нарм кардани байни қаторҳо ва кашидани хок ба бехи растаниҳо.
Бар зидди ҳашароти зараррасон, коркард бо заҳрдоруҳои зерин тавсия дода мешавад:
- ширинча препарати Талстарро ба миқдори (барои 1 га 0,4-0,8 л-ро бо 300 л об);
- тортанаккана ба миқдори (барои 1 га 0,6-1,2 л-ро 300 л об);
- сафедболак ба миқдори (барои 1 га 1,2-2,4 л-ро бо 300 л об омехта);
Акмал Насруллоев