Навъҳои себ низ вобаста аз хусусиятҳои худ ба пухтарасӣ шурӯъ намудаанд. Пухтарасии навъҳои тобистона дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ ба анҷом расидааст. Новобаста аз пухтарасиши меваи себ, бояд нигоҳубини дарахтон дуруст ба роҳ монда шавад то барои ҳосили соли оянда замина гардад.
Барои рушди меваҳои навъҳои тирамоҳию зимистона ғизодиҳӣ ва обёрӣ дар ин давра бениҳоят зарур аст. Ғизодиҳии ғайрирешагиро бо истифода аз Nutrivant fruit (барои 1 га 4 кг-ро бо 1000 л об омехта ) истифода намоед.
Дар ин моҳ бисёр ҳашаротҳои зараррасон дар дохили боғ пайдо мешаванд. Истифодаи домҳои феромонӣ ва ҳашаротҳои фоидаовар ба монанди Трихограмма, Габрабракон ва Тиллочашмак бисёр самарабахш аст. Вақти пайдоиши ҳашаротҳои зараррасон ба мисоли сипарболак, ширинчаҳо, мевахӯраки себ ва тортанаккана инсектитсид акаритсиди Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта)- ро истифода баред.
Реҷаи обёрӣ низ бояд мӯътадил ба роҳ монда шавад.
Хурсандӣ Сафаралиев