Дар шароити замини кушод дар ин мавсим шинонидани кӯчати помидор мувофиқ аст. Бо муътадил гардидани ҳарорати ҳаво дар моҳи август нашъунамои помидор беҳтар гардида ҳосилнокӣ ва сифати молии он баланд мегардад. Помидор растании салқинидӯст буда, дар ҳолати баланд будани ҳарорати ҳаво гардолудшавӣ ва рехтани гулҳо бештар ба мушоҳида мерасад. Нарм ва серғизо будани хок ба растанӣ имконият медиҳад, ки реша хуб рушд намуда, узвҳои ҳосилдиҳанда ба вуҷуд ояд. Яке аз ин ғизоҳо Nutrivant tomato (барои 1 га 2 кг-ро бо 1000л об омехта) ном дорад, ки махсусан барои помидор тавсия гардидааст. Микроэлементҳоро ба барги растаниҳо пошед. Ин чорабинӣ имконият медиҳад, ки мубодилаи моддаҳо дар растанӣ фаъол гардида, ҳосилнокии он зиёд гардад.

Дар давраи пухтарасии зироатҳои сабзавотӣ заҳрдоруҳоро истифода накунед. Дар ин давра ба растании помидор тортанаккана, сафедболак ва куяи помидор зарари ҷиддӣ мерасонад. Дар мавриди пайдоиши тортанаккана ва сафедболак гузаронидани коркарди кимиёвӣ бо заҳрдоруҳои Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) ва куяи помидор Кораген (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) — ро истифода намоед.

Дар давоми сол метавонед якчанд маротиба тухми бодирингро пай дар ҳам кишт намуда, ҳосили онро ба даст оред. Барои гирифтани ҳосили пайдарҳамии бодиринг майдони заминро ба қитъаҳои алоҳида тақсим намуда, баъд аз ҳар 40 рӯз кишти тухмии онро ба роҳ монед. Растании бодиринг ба об бениҳоят серталаб аст. Барои гирифтани ҳосили баланди бодиринг шароити обии замин бояд хело беҳтар бошад. Дар шароити камобӣ ҳосилнокии он паст ва талх мегардад. Обёрии бомаврид ва истифодаи нуриҳои минералию органикӣ имконияти гирифтани ҳосили фаровони бодирингро баланд мекунад.

Кӯшиш намоед, ки дар давраи пухтарасии ҳосили помидор ва бодиринг аз истифодаи заҳрдоруҳо худдорӣ кунед. Баргҳои зарардидаи помидор ва бодирингро аз касалиҳои занбӯруғӣ ва ҳашаротҳои зараровар бо қайчӣ бурида несту нобуд намоед. Қайчиро бо маҳлулҳои безараргардонӣ коркард намоед (спирт 70%). Дар дохили киштзор ва гармхонаҳо домҳои равшанидиҳанда ё феромонӣ ва варақҳои часпак гузоред. Ин боиси несту нобуд гардидани ҳашаротҳои зараррасон мегардад.

Киштзори сабзӣ дар кишти такрорӣ ба обёрӣ ва ғизо эҳтиёҷи зиёд дорад. Дар ин давра аз алафҳои бегона тоза намудани киштзор ба фоидаи кор аст. Мушоҳида намудан лозим аст, ки ҳашаротҳои зараррасон ба киштзори сабзӣ зарари худро нарасонанд. Дар мавриди зиёд гардидани ҳашаротҳои зараррасон истифодаи инсектитсид акаритсиди Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) бениҳоят самарабахш аст.

Қаламфури ширин низ зироати сабзавотии ба намнокӣ ва ғизонокии хок серталаб ба шумор меравад. Дар ҳолати нарму ғизонок будани хок ҳосилнокии қаламфури ширин зиёд мегардад. Лекин ба гармии баланди ҳаво тобовар нест. Барои ҳамин ин зироатро дар бисёр кишварҳои дунё дар зери иншоотҳои бо тӯр пӯшонидашуда парвариш менамоянд. Яъне то 30% нури офтобро паст намуда, парвариши онро ба роҳ мемонанд. Дар ҳолати набудани имконият барои харидории тӯрҳо кишти ҷуворимаккаро дар ҳар 1,5 м ба дарозии ҷӯяк истифода намоед. Дар ҳолати бениҳоят гарм будани ҳаво ва паст гардидани намнокии хок сифати меваи қаламфури ширин паст мегардад, яъне каҷу килеб ва хурд мешавад.

Дар ҳолати бениҳоят гарм будани ҳаво яку якбора обёрӣ намудани қаламфури ширин бениҳоят хатарнок аст. Ин ба пайдоиши касалии пажмурдашавии фузариозӣ оварда мерасонад, ки бартараф намудани ин касалӣ дар мавриди пайдоиш ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз бегоҳирӯзӣ обёрӣ намудан дуруст аст. Обёрӣ тарзе анҷом дода мешавад, ки ҷӯяки қаламфури ширин пурра нам нашавад. Нармкунӣ ва коркарди байни қаторҳо ва аз алафҳои бегона тоза намудани киштзор яке аз омилҳои гирифтани ҳосили баланди ин зироат мебошад.

Хурсандӣ Сафаралиев