Корҳои агротехникие, ки моҳи август бояд иҷро карда шаванд, нармкунии байни каторҳо, обёрӣ, тоза намудани замин аз алафҳои бегона, ғизодиҳӣ аз барг, гузаронидани чеканка ва мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон мебошанд. Истифода бурдани усулҳои биологӣ низ тавсия дода мешавад. Инкишофи растанӣ ва шароити заминро ба назар гирифта, бояд ғизодиҳиро то 15 август тамом кард. Агар пайдошавии кирми ғӯза зиёд ба назар расаду ҳашаротҳои фоидаовар онҳоро назорат карда натавонанд, шумо бояд усули кимиёвиро истифода баред. Бар зидди кирми пахта инсектисидҳои Энжио (барои 1 га 200-250гр) ва Аваунт (барои 1 га 0,450 л-ро бо 300 л об омехта) бегоҳӣ пошидан лозим аст. Бар зидди тортанаккана пахта бояд бо акаритсиди Омайт 57% (сафед) (барои 1 га 1,5 л-ро бо об омехта) ва Вертимектин (барои 1 га 0,6л-ро бо 300 литр об омехта) бегоҳӣ пеш аз обёрӣ коркард карда шавад.
Ғизодиҳӣ аз барг бо препарати Кодафол (барои 1 га 0,750 л-ро бо 300 л об омехта) бегоҳӣ бояд гузаронида шавад, ки ин сифати нахи пахтаро баланд намуда, ба тез пухта расидани пахта ва вазниншавии кӯрак оварда мерасонад.
Обёрӣ бояд дар вақташ гузаронида шавад. Чеканка бояд дар вақти пайдоиши 14-16 шохҳои ҳосилдеҳи ғӯза ва дар вақти қади растанӣ аз 1-1,1 м изофа будан гузаронида шавад. Гузаронидани чеканка паҳншавии кирми ғӯзаро нигоҳ медорад.
Максут Отабеков