Навъҳои тобистонаи нок аллакай пухта расиданд ва дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ карда шуда истодаанд. Навбат ба пухтани навъҳои тирамоҳию зимистона расид. Новобаста аз пухтарасии меваҳо нигоҳубини дарахтон бояд дуруст ба роҳ монда шавад. Барои рушди меваҳо ғизодиҳӣ ва обёрӣ дар ин давра бениҳоят зарур аст. Барои навъҳои тирамоҳӣ ва зимистона метавонед ғизодиҳии ғайрирешагиро бо истифода аз Nutrivant fruit (барои 1 га 4 кг-ро бо 1000 л об омехта) истифода намоед.
Дар ин вақт аллакай бисёр ҳашаротҳои зараррасон барои расонидани зарар рушд ёфта истодаанд. Дар ин давра тортанаккана ва кирми мева ба дарахтон ва меваи нок зарари бештар мерасонад. Дар мавриди пайдоиши ин зараррасонҳо гузаронидани коркарди кимиёвӣ бо заҳрдоруҳои Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) тавсия дода мешавад.
Дар боғ истифодаи домҳои феремонӣ, равшанидиҳанда ва истифодаи ҳашаротҳои фоидаовар ба монанди Трихограмма, Габрабракон ва Тиллочашмак бисёр самарабахш аст.
Реҷаи обёрӣ бояд мӯътадил ба роҳ монда шавад, то ки меваҳо хуб инкишоф ёфта муғчаҳои ҳосилдиҳанда барои соли оянда ташаккул ёбанд.
Хурсандӣ Сафаралиев