Моҳи август – айёми ҷамъоварии ҳосили лӯбиё мебошад. Бо мақсади эмин доштани сифати тухмӣ зарур аст, ки ҳосили ташаккулёфта дар муддати кӯтоҳ беталаф ғунучин карда шавад. Вақти ҷамъоварии ҳосили лӯбиё аз рӯи зардшавии ғилофакҳо муайян карда мешавад. Мисол, ҳангоми пухтарасии дони мош, ранги ғилофакҳояш, тағйир меёбад ва донаҳояш дар ғилофакҳо сахт мешаванд. Агар ҳосил сари вақт ҷамъоварӣ нашавад, ғилофакҳо кафида, дон ба замин мерезад, ки боиси кам шудани ҳосил мегардад.
Барои ба даст овардани тухмии хушсифати нахӯд низ риояи мӯҳлати ҷамъоварии ҳосил хеле муҳим мебошад. Чунки дони нахӯд нобаробар пухта мерасад: аввал дони ғилофакҳои поёнӣ, сипас мобайнӣ ва баъд болоӣ мепазанд. Агар ба пухтани тамоми ғилофакҳо мунтазир шавем, он гоҳ ғилофакҳои поёнӣ кафида, донҳояшон мерезанд ва боиси талафёбии ҳосил мегарданд. Аз ин рӯ, ба ҷамъоварии ҳосили нахӯд бояд ҳамон вақт сар кард, ки ғилофакҳои қисми поёнӣ ва мобайнӣ зард ва донашон сахт шудаанд, яъне 65-70% ғилофакҳо пухтаанд.
Дар шароити иқлими гарм мушунг пурра пухта мерасад ва ҳосили онро бо истифодаи комбайн ҷамъ овардан мумкин аст. Дар ҳолати якбора пухта нарасидани мушунг ҷамъоварии ҳосил дар ду зина гузаронида мешавад. Аввал ҳосилро даравида, ба замин мегузоранд ва баъд аз 1-2 рӯз бо комбайн донро ҷудо мекунанд.
Агар дар ҷамъоварии зироатҳои лӯбиёдонагӣ комбайн истифода шавад, онро ҳатман тоза намуда, дуруст танзим кардан лозим, то ки тухмии истеҳсолшаванда ба қадри имкон осеби механикӣ набинад ва қобилияти сабзишаш паст нагардад. Баъди ҷамъоварии ҳосил, тухмӣ бояд тоза карда, хушконида шавад. Тухмии ҷамъовардашуда пеш аз ҳама бояд аз ҳама гуна маводи бегона тоза карда шавад. Бо ин мақсад аз тухмитозакунакҳои махсус истифода мекунанд, ки онҳо ба воситаи боддиҳӣ тухмиро аз маводи бегона, донҳои пуч ва тухмии баъзе алафҳои бегона тоза мекунад. Новобаста аз ин, пас аз тозакунии аввалиндараҷаи тухмӣ ҳанӯз тухмии баъзе алафҳои бегона, дони пурра пухта нарасида ва шикаста, инчунин дигар маводи бегона боқӣ мемонад. Аз ин рӯ тухмӣ бояд аз тозакунии дуввумдараҷа низ гузарад, ки дар раванди он тухмӣ аз ҳама гуна маводи бегона тоза мегардад.
Акмал Насруллоев