Нигоҳубини дурусти дарахтони гелос омили гирифтани ҳосили баланд дар соли оянда ба шумор меравад. Фаромӯш кардан лозим нест, ки баъди ҷамъоварии ҳосили гелос гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ ба мисоли обёрӣ, коркард ба зидди касалӣ ва ҳашаротҳо, ғизодиҳии ғайрирешагӣ (ба воситаи барг) зарур аст.

Дар ин моҳ ҳашароти зараровар тортанаккана пайдо шуданаш мумкин аст. Дар ин маврид гузаронидани коркарди кимиёвӣ бо заҳрдоруҳои Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) тавсия дода мешавад. Дар мавриди заиф будани нашъунамои дарахтон истифодаи ғизои ғайрирешагӣ ба воситаи барг Nutrivant fruit (барои 1 га 4 кг-ро бо 1000 л об омехта ) ба манфиати кор аст.

Реҷаи обёриро риоя намудан лозим аст. Дар ҳолати кам будани намнокии хок рушди дарахтон заиф мешавад. Аз ҳад зиёд обёрӣ намудан низ ба сабзидани навдаҳои нашвӣ (вегетативӣ) мусоидат менамояд, ки боиси кам гардидани ҳосил мегардад.

Мунтазам бехҷастҳоро аз бехи дарахтон тоза намудан лозим аст. Агар дарахтон ба касалии шилмбарорӣ гирифтор шуда бошанд, ҷои захмҳоро бо маҳлули 3% купороси мис бо шётка тоза намуда, баъд аз он бо рангҳои равғанӣ (масляние краски) ҷои захмро ранг кардан лозим аст.

Хурсандӣ Сафаралиев