Чормағз ба гурӯҳи дарахтони мевадиҳандаи намидӯст дохил мешавад. Аз ин лиҳоз дар минтақаҳои кӯҳии аз намнокии табиӣ таъмин ва ҳарорати ҳавои мӯътадил дошта ҳосили фаровон гирифтан мумкин аст. Барои ҳамин дар ин моҳ яке аз чорабиниҳои асосӣ ин обёрӣ ба шумор меравад. Дар ҳолати бениҳоят гарм шудани ҳарорати ҳаво ва паст будани намнокии хок хушкшавии баргҳои болои дарахтон ба мушоҳида расида, баргҳоро бо об таъмин кардан зарур мебошад. Бо баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва паст гардидани намнокии ҳаво касалиҳои замбӯруғӣ ва бактериявӣ низ дар дохили боғҳои чормағз камтар ба назар мерасад.
Лекин ҳашаротҳои зараррасон зарари худро расонида истодаанд. Дуруст мушоҳида намудан лозим аст, ки кадом намуди ҳашаротҳо дар дохили боғ ба назар мерасад. Дар мавриди пайдоиши кирми мевахӯраки чормағз, тортанакканаи намадии чормағз, ё куяи чормағз пошидани яке аз ин акаритсидҳо Актеллек (барои 1 га 2 л-ро ба 1000 л об омехта) ва ё Данадим Эксперт (барои 1 га 1,5-2,0 л-ро ба 1000 л об омехта) тавсия дода мешавад. Заҳрдоруҳоро ҳатман бо дорупошакҳои фишорашон баланд пошед, ки пурра дар сатҳи шоху навда маҳлули корӣ рафта мерасад.
Хурсандӣ Сафаралиев