Дӯстони муҳтарам, ҳамкорон ва шарикон!
Ташкилоти Ҷамъиятии «Нексигол Мушовир», бо ҳамкории Кооперативи Ғайритиҷоратии «Сароб», мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, бахусус, ҷавондухтарону ҷавонписаронеро, ки фаъолияти касбияшон аз паҳн кардани донишҳои соҳаи кишоварзӣ оғоз ёфтааст, деҳқонони фаъол ва роҳбарони гурӯҳҳои истеҳсолии кишоварзӣ ва гурӯҳҳои худёрирасониро барои иштирок дар барномаи таълимӣ оид ба тақвияти нерӯи кадрии соҳаи кишоварзӣ, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи аз тарафи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дастгирӣ карда мешавад, даъват менамояд:
«FAO / TCP / SEC / 3601: Пурзӯр намудани иқтидори кадрии хадамоти паҳнкунандаи донишу малакаи кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ оид ба индентификатсияи растанипарварии устувор»
Барномаи мустаҳкамкунии иқтидори кадрҳо дар давоми соли 2019 амалӣ мегардад ва 4 курси омӯзишро (яъне, омӯзиши марказонидашуда), ки бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ гузаронида мешавад, дар бар мегирад. Омӯзишҳо аз қисмҳои назариявӣ ва амалӣ иборат мебошанд. Омӯзишҳои амалӣ дар майдончаҳои намоишӣ аз рӯи мавзӯи дахлдор гузаронида мешаванд:
- Тухмипарварӣ;
- Ҳифзи хок ва сарфаи захираҳо;
- Муҳофизати интегратсионии растаниҳо;
- Хоҷагидории органикӣ.
Барнома аз моҳи марти соли ҷорӣ оғоз меёбад ва то моҳи ноябри соли 2019 давом мекунад.
Мақсади барномаи мазкур паҳн кардани донишҳои кишоварзӣ барои баланд бардоштани иқтидори техникии мутахассисони бахши давлатӣ ва хусусӣ мебошад.
Омӯзишҳо дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон марказонида гузаронда мешаванд. Аз оғоз то итмоми лоиҳа ҳамагӣ 60 иштирокчӣ дар 2 гурӯҳ, яъне дар ҳайъати гурӯҳи ботаҷриба 25 иштирокчӣ (аз он ҷумла, 6 зан/духтар) ва дар гурӯҳи ҷавонон 35 иштирокчӣ (аз он ҷумла 10, зан/духтар) таҳсил мекунанд.
Рӯзи аввали омӯзиш ба таҳқиқоти асосии ҳар як самт, рӯзҳои дигар (то 4 рӯз) ба омӯзиши дақиқи мавзӯъҳо бахшида мешавад.
Дар давоми омӯзиш хароҷоти омӯзиш, маводи тақсимотӣ, роҳкиро, харҷи шабонарӯзӣ ва хароҷоти хӯрок аз тарафи лоиҳа пардохт карда мешавад.
Дарсҳои амалӣ дар заминаи қитъаҳои намоишии чор минтақаи Тоҷикистон гузаронида мешаванд:
1) Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
2) Минтақаи Бохтар, вилояти Хатлон;
3) Минтақаи Кӯлоб, вилояти Хатлон;
4) Минтақаи вилояти Суғд.
Мутахассиони кишоварзие, ки мехоҳанд дар ин омӯзишҳо иштирок кунанд, бояд:
— Хоҳиши гирифтани дониш ва таҷриба оиди интенсификатсияи устувории растанипарварӣ дошта бошанд;
— Имконияти иштироки пурра дар ҳама омӯзишҳо дар давоми иҷроиши лоиҳа дошта бошанд;
— Таҳсилоти олӣ ё махсуси миёна дар соҳаи кишоварзӣ, ё таҷрибаи амалӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
— Қобилияти паҳн намудани таҷрибаҳои омӯхташуда дар байни деҳқонон, донишҷӯён ва дигар мутахассисони кишоварзӣ.
Таҷрибаи корӣ:
— ҳадди аққал се сол доштани собиқаи корӣ дар соҳаи кишоварзӣ ё омӯзиши фермерон ва донишҷӯён дар соҳаи кишоварзӣ;
— ҳадди аққал 1 сол таҷриба ё собиқаи корӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои кадрҳои ҷавон.
Афзалият дода мешавад ба:
— Номзадҳои занҳои фаъол ва духтарон;
— Номзадҳое, ки як қисми маблағи таълимиро аз тарафи худ ё аз тарафи ҷойи кор пардохт карда метавонанд.
Баъди ба итмом расонидани ҳар як курси таълими марказонидашуда иштироккунандагон уҳдадор мешаванд, ки минбаъд дониш ва малакаи ба дастовардашудаи худро барои мутахассисони кишоварзӣ ва деҳқонони ҳавасманд омӯзонанд.
Дар ин марҳила мутахассисони манфиатдори соҳаи кишоварзӣ, намояндагони фаъоли хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳбарони гурӯҳҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ва гурӯҳҳои худидоракуниро барои дар ҳамаи барномаи таълимӣ даъват менамоем.
Агар Шумо хоҳиши иштирок карданро дар ин омӯзишҳо дошта бошед, лутфан мактуб ва резюмеи худро бо почтаи электронии: akmal.mirzoev@neksigol.tj ва khursandi@mail.ru ирсол намоед.
Инчунин Шумо метавонед барои иштирок кардан дар ин омӯзишҳо бо кормандони масъули ташкилот дар чор минтақаи кишвар ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод ё номнавис намоед:
Вилояти Суғд — Қундузов Бобомурот, тел: 93-122-4400
Вилояти Хатлон, минтақаи Бохтар — Абдусаломова Чамангул, тел: 93-575-9021
Вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб — Сафаров Дилшод, тел: 92-710-8414
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Зиёдуллоев Кутфулло, тел: 93-577-0206
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: то санаи 5 марти соли 2019.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, лутфан бо телефонҳои + 992-92-775-21-02,
+ 992-90-770-07-04 дар тамос шавед.